Пешвои миллат- таҳкимбахши худогоҳи миллӣ

«Ҳар як шахсият ё воқеияти таърихӣ доираи маҳдуди замонеро соҳиб аст, ки дар он ҳамчун идеал шинохта мешавад ва берун аз он аҳамияти худро гум мекунад» — ба чунин ақидаанд бархе аз файласуфони ҷаҳонӣ . Пешвои миллат ҳамчун тарғибгари  худогоҳ ва худшиноси миллӣ дар байни халқ ва тақдири миллат, ҳамчун бунёдгузории давлати навини  тоҷикон ҳамеша дар хотири таърихи миллат ҷойгоҳи хоса хоҳад дошт. Яъне, хидматҳои Пешвои мо аз як маҳдудаи таърихӣ васеътар арзиш ва қимати асрҳоро дорад.

Тоҷикистон дар замони истиқлолияти миллӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пешравиҳои назаррасеро соҳиб шавад. Муҳимтар аз ин, мо давлату миллатамонро пас аз ҳазор сол эҳё намудем ва дар харитаи сиёси ҷаҳон давлате ба номи Тоҷикистон сабт шуд. Ва ниҳоят таҳкими  худшиносӣ, меҳандӯстӣ дар сиёсати давлат ба ҷойгоҳи аввал баргашт.

Ба ақидаи  падари коммунизм Маркс «Худшиносӣ аввалин шарти хирадмандӣ аст» Худшиносӣ ин дар фаъолияти иҷтимоӣ худро ҳамчун шахс шинохтани инсон ва дар ин ҷамъият шинохтани мавқеи худ аст . Чунин ба назар мерасад, ки инсон барои дарки моҳияти вуҷуди худ офарида шудааст. Вақте дар бораи худшиносии миллии тоҷикон, бунёди маънавии халқҳои ориённажод ва сайри таърихии ин қавм андеша намоем, беихтиёр навиштаҳои Президенти кишвар оид ба решаҳои таърихии ин халқи куҳанбунёд дар  китобҳои пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» «Чеҳраҳои мондагор», Забони миллат ҳастии миллат  ба хотир меояд. Мо кистем, аз куҷоем ва нахуст аҷдодамон киҳо буданд? Ба ин саволҳо Пешвои миллат дар ин асарҳо ҷавоби саҳеҳ гуфтаанд.

 Худшиносии шахсият ва худшиносии миллат барои мустақилияти фард ва Истиқлолияти давлат чун пояи  мустаҳкам хидмат карда, аз вобастагӣ ба дигарон эмин медорад. Пешвои миллат шахсияти таърихии замони имрўз дар муаррифии таърихи халқу диёри худ нақши бузургро бозӣ мекунанд.

Бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ чун  Куруши Кабир, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Абўабдуллоҳи Рўдакиву Ибни Сино, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон аз хидматҳои Пешвои миллат аст, ки дар бедории ҳисси худогоҳии миллатамон нақши босазо гузошт.

Ва ин нақш ба фармудаи мақоли арабӣ нақш дар санг хоҳад буд ва он ҳеҷ гоҳ  аз хотираи миллат зудуда нахоҳад шуд.

                                                                             Абӯбакр Исоев,

                               сармутахассиси шӯъбаи ташкилии КИ ҲХДТ

                                                                                    дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>