Ҷаласаи Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

IMG_1426

Имрӯз дар толори ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷаласаи Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоят ширкат варзиданд. Ҷаласаро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён ифтитоҳ намуда, аъзои Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоятро хайра мақдам намуд. Мавсуф қайд намуд, ки аъзоёни Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гурӯҳи фаъолу устувори ҲХДТ буда, сохтори зарурии ҷомеа мебошанд. Дар ҷаласа як масъала интихоби раиси Шӯрои ҲХДТ дар виляоти Суғд муҳокима гардид. Бо овоздиҳии аъзоёни Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ  дар вилоят ба ҷои собиқ раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби вилоят  марҳум Ҷалилов Анвар Расулович  собиқадорори фаъоли ҳизб  Саидбой Зокиров раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардиданд.

      Оид ба фаъолияти пурсамари Саидбой Зокиров,  аъзоёни Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоят ёдовар шуда, бо вазифаи пурмасъул эшонро табрику муборакбод намуданд.

     Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Матлуба Амонзода ҷаласаро ҷамъбаст намуда изҳор намуд,  ки аъзоёни Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри таҷлили сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ дар назар аст, ташаббускориро аз даст намедиҳанд, зеро онҳо  нерӯи бузургу боэътимод ва яке аз сохторҳои зарурии ҷомеа  ва ҳизб ба ҳисоб мераванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>