Шукри истиқлоли миллат мекунем

Шукри истиқлол, ки имрўз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Боиси ифтихор аст, ки сабақи сулҳи тоҷиконро давлатҳои дигари ба сулҳ эҳтиёҷманд меомўзанд ва илҳом мегиранд. Ин бояд боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷик бошад.
Оре, мо ҳама дар ҳамбастагӣ Ватани азизи хеш — Тоҷикистони соҳибистиқлолро бояд парастиш намоем, баҳраш бисўзему бисозем.
Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.
Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон паи илму донишанду имрӯз ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсили илм менамоянд.
Имрӯз ба кадом соҳае назар накунем, дар баробари дигар қишри ҷомеа ҷавонон низ бо дасту дили гарм паи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолият бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Дар воқеъ, Истиқлолият аст, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама самт комёбанду дар рушду нумӯи меҳан саҳмгузоранд. Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз ин ганҷина вобастагии калон дорад.
Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 29 сол аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ҷавонони Тоҷикистон зодагони Истиқлолиятанд. Ҳамаи хушрӯзии ҷавонон аз самараи Истиқлолият аст. Истиқлолият беҳтарин неъмат – сулҳу ваҳдатро ба ҷавонон эҳдо намуд.
Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад.
Барои мо кофӣ аст, ки озодона ҳар ҷое мехоҳем меравему зиндагӣ мекунем. Истиқлолият хотири падару модари моро ҷамъ ва шод нигаҳ медорад. Зеро волидонамон медонанд, ки фарзандашон аз роҳ сиҳату беранҷ ба хона бармегардад. Истиқлолият барои мо осудагӣ дод. Осуда ки бошӣ, зиндагӣ ширин мешаваду умедҳо месабзанд.
Фарзона Ҳалимова
мудири бахши умумӣ ва назорати
КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>