РОҲГУМЗАДАРО РОҲИ ДИГАР НЕСТ

116216157_176855690574041_6127778332999622439_n

Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки Исломи беолоишро байрақи зафар шуморида, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Дар тоҷикон як масал аст: Шермардон мўзаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.
Ҳалим Назарзода соҳиби мансаб ва молу мулки бисёр гашт, аммо ба ин ҳам қонеъ нашуда, мисли Қорун дунёро гирифтан мехост, аммо хушбахтона ба мақсад нарасид. Оқибат ҷисми ин бадкирдорон туъмаи зоғу заған гардид, чашмонашонро кирм хўрд ва бешаҳодат аз дунё рафтанд.

Бояд як чизро қайд кунам, ки сентябри соли 1997 ҳамин нохалафон мошини шахсии маро бо молу ашёи зиёд дар шаҳри Ваҳдат бо таҳдиди силоҳ аз дастам гирифта буданд ва ман ҳамон сол фаҳмидам, ки такягоҳи инҳо Ҳизби наҳзати ислом будааст. Ин гурўҳҳои террористӣ худро аввалан дар Комиссияи оштии миллӣ ва баъдан дар Ҳукумати Тоҷикистон шомил карданд. То имрўз ман ба онҳо бовар надоштам. Ба Ҳукумат шомил шудани онҳо аз рўи ғараз буд.
Аз ҳама даҳшатнокаш он аст, ки ин душманон бо сардории Ҳалим Назарзода писари ҳамсабақи мактабиам Шерматхонро, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ кор мекард, ваҳшиёна куштанд. Ман нағз медонам, ин писарони Шерматхон аз модар хурд сағир монданд ва бо азобу уқубат нав соҳиби як пора нон шуда буданд. Баъди ин қадар бераҳмию бешафқатӣ мо ба амали ин ваҳшиёни одимсурат чӣ гуна баҳо диҳем?
Сулҳе, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниҳояти кор бисёр қарори одилона қабул кард ва ин ҲНИТ-ро ҳизби террористӣ эълон намуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба он даъват мекунам, ки шукронаи ин неъмати худододро карда, баҳри сулҳу салоҳ ва ободии кишвар саъю кўшиш намуда, бо дили гарму қалби пок меҳнат кунанд.
Салим ГАДОЕВ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>