Гурӯҳи тарғиботии муштарак амал мекунад

IMG_20200728_092658

Ин субҳ гурӯҳи муштараки тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки ба он кормандони ҳама сохторҳои шаҳрдорӣ шомил  буданд, корро аз бозори хӯроквории шаҳр оғоз намуд.

          Ҳангоми боздид ва санҷиши ҳолати бозор ба фурӯшандагон ва харидорон бори дигар ҳатмӣ будани риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва бастани ниқоби муҳофизатӣ таъкид шуд. Ба маъмурияти бозор дастур дода шуд, ки ҷойгиронии нуқтаҳои фурӯшро дар бозор бо назардошти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ намуда, аз фурӯшандаҳо ва соҳибкорон риояи ин қоидаҳоро ҷиддӣ талаб намояд.

          Бо дастури ситоди шаҳрии пешгирии хуруҷи бемории сироятии коронавирус чунин санҷишу боздидҳо дар бозорҳо, дигар нуқтаҳои тиҷоратӣ ва мавзеъҳои серодами шаҳр пайваста доир карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>