Мулоқотҳо дар ноҳияи Мастчоҳ

IMG-62f6374ca16b36fecce04829559e625c-V

Имрӯз  мулоқоти  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд.

          Мурод Шукурзода дар шаҳраки Бӯстон аз Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, боғчаи кӯдакон, варзишгоҳи дорои 10 ҳазор ҷои нишаст , қасри фарҳанг, боғи истироҳатӣ ва дигар иншоот, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлоли кишвар бунёд шудаанд, боздид намуда, бо сокинони ноҳия мулоқот намуд.

          Дар ин мулоқотҳо  вазъи сиёсию иҷтимоӣ, ки ба асари хуруҷи бемории вогири коравирус дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба амал омадааст, суханронӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ, ҳангоми боздид аз вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Данғара шарҳ дода, таваҷҷӯҳи ҳозирин ба омодагӣ ба фасли зимистон, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, оштинопазирӣ нисбат ба даъвоҳои бебунёди мухолифони давлат, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб карда шуд.

          Чунин мулоқотҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ баргузор мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>