Маҷлиси фаъолияти шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод.

изображение_viber_2020-07-29_13-40-29

Баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ аст»Маҷлиси фаъолияти шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар нимсолаи аввали соли 2020 ва натиҷагири аз фаъолияти шуъба, дар толори ТИ «Маорифчиён» бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, бонувони фаъоли ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифт. 50 фисади аъзои ҲХДТ дар ноҳия занон ташкил намуда, роҳбарии 3 ташкилоти ибтидоии ҳизбро ба занон ӯҳда доранд, 8 нафар занон аз ҷониби конфренсияи ҲХДТ вакили маҷлиси вакилони халқи интихоб гардида, онҳо дар рушд ва пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат нақши муҳим мегузоранд. Ин аст, ки баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ мебошад – қайд намуд, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина. Ҳадаф аз баргузории ҷамъбасти имрӯза ҳам натиҷагӣ аз фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва ҳам  омӯзиши таҷрибаи бонувони фаъол,  тарбия ва ба камол расонидани ҷавондухтарон дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ, огоҳ намудани онҳо аз санадҳои  меъёрию ҳуқуқии  марбут ба  баланд бардоштани   мақоми зан дар ҷомеа ва ба ин восита  омода намудани  онҳо барои вазифаҳои роҳбарӣ мебошад. ҲХДТ фаъолияти худро  барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию шукуфоии ҷомеаи навини Тоҷикистон нигаронида, дар тақвияти фаъолияти он занону духтарон нақши арзанда доранд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>