Мулокоти судманд

изображение_viber_2020-07-29_13-45-30

Санаи 29-уми  июли 2020 сол  дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва муовини аввали Раиси ноҳия Расулзода Қафлон бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид.

Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, хуруҷи бемории “КОВИД-19” дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба амал омадааст, суханронӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омодагӣ ба фасли зимистон, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи  самаранокӣ ҳар як қитъа замини наздиҳавлигӣ, истифодаи оқилонаи барқ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз суханрони намуд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар Ҷамоату шаҳракҳои деҳоти ноҳия низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>