Қадамҳои устувор ҷониби ваҳдати комил

Пас аз пошхўрии давлати абарқудрати шўравӣ ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳоди як вақтҳо бузург ва аз лиҳози сиёсӣ устувору гўё шикастнопазир  нав ба мустақилият баромаданд. Ин ҳолат барои ҳамаи ҷумҳуриҳои тоза истиқлолиятёфта, бинобар аз байн рафтани идораи муназзаму мутамарказонидашуда дар ҳамаи самтҳо душворию мураккабиҳои зиёдеро пеш овард. 

Вақте  Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон дошт, мардум ба оянда бо орзую омоли нек назар карда, умед бар он доштанд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба рӯзу рӯзгори нек ва саодати зиндагӣ мерасанд. Мутаассифона, чанде пас қувваҳое пайдо шуданд, ки соҳибистиқлолиро нахостанд, онро пушти по заданд ва дар паси чодари сиёҳи мақсаду ҳадафҳои нопок ва ғаразноки худ амал карда, сабабгори ташаннуҷи муносибатҳо, заъфи давлатдорӣ ва рӯзгору ҳаёти осоиштаи мардум гаштанд. Ангехтани оташи ҷангу хусуматҳо,  бадию душманӣ ва ҷудоиаандозиҳо маҳз нияту мақсади ғаразноки шахсоне буд, ки дар он рўзҳои ҳам барои давлат ва ҳам барои мардум вазнину ҳассос мехостанд бо ҳар роҳу восита давлатро соҳибӣ кунанд.  Касоне ки аз ниятҳои бади тоифае аз шахсони ҷудоихоҳу тафриқаангез ва мансабхоҳ огоҳӣ надоштанд ва барои дарки зуҳуроти номатлуби он рўзгор дониши сиёсиашон камӣ мекард ё умуман, қобилият ва донишу фаҳмиши амиқи дарки моҳияти он равандҳои сиёсию иҷтимоиро надоштанд, ба шасти фиреби душманони дохилию беруна афтоданд ва ин, албатта, ба давлатдории навини мо бетаъсир намонда, балки одамонро ба вартаи зиддиятҳо ва арсаи афту дарафт мекашид. Ифодаи ғояҳои демократия, озодию озодандешии сиёсӣ, ки дар он солҳо дар аксари ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол тарғибу ташвиқ мешуд, боиси пайдоиши гурўҳҳои алоҳида, ҷараёнҳо ё худ ҳизбу ҳаракатҳое гардид, ки на ҳама вақт ба манфиати ҷамеа ва давлат нигаронида шуда буданд. Дар радифи аксар ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар Тоҷикистон низ ҳизбу ҳаракатҳои нави мухталиф ва манфиатҷў рўи кор омаданд. Дар Тоҷикистон, ки аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ он вақтҳо хеле ноустувор буд, дар баробари роҳ ёфтани гуногунандешии сиёсӣ тарғибу ташвиқи дини ислом ва исломгароӣ бархе аз равия ва ҷараёнҳои ҳамонвақтаро соҳиби тарафдорони зиёд ва ба ин васила то андозае нерўманд гардонид. Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аз зумраи онҳо буд. Гарчанде фаъолияти ошкорои ин ҳизб пас аз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғози расмӣ меёбад, дар асл пайдоиши он аз солҳои 70 — 80-уми асри гузашта маншаъ мегирад. Назар ба иттилои сарчашмаҳо ва васоити ахбори омма  ҳаракати террористии “Ихвон – ул — муслимин” тайи соҳои 60-70-и қарни гузашта бо ташкили ячейкаҳои худ миёни ҷомеаҳои Иттиҳоди Шўравӣ пайдо шуда, дар аввал гўё корҳо ахлоқӣ анҷом медод.  Аммо вақт собит намуд, ки он асосгузор ва заминагузори  якчанд ҳизбҳои сиёсии динӣ, аз он ҷумла, Ҳизби исломии Ўзбекистон, ҳизби наҳзати исломӣ ва монанди инҳо мебошад. Аз тарафдорони зиёд доштанаш ва дар як лаҳзаи кўтоҳ ба сари арсаи мубаризаҳои сиёсӣ муташаккилона баромадани ҳизбҳои исломӣ дар бархе аз давлатҳои аъзои иттиҳоди Шўравӣ дар он солҳо  метавон хулоса намуд, ки онҳо солҳои зиёд стратегия ва барномаи муназзами фаъолияти худро дар дохил ва хориҷи иттиҳод коркард ва роҳандозӣ намуда, пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ барои фаъолияти ошкорои онҳо фурсати қулай ва муносиберо пеш овардааст. Ҳадафи асосии он исломисозии бархе аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва ниҳоят тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна буда, ба тариқи пинҳонӣ аз солҳои 70-80-уми асри гузашта ғояҳои худро байни ҷомеа роҳандозӣ ва тарғибу ташвиқ менамудааст.

Омили ташаккули густурдаи он дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ноустувории вазъи сиёсӣ ва геополитикии ин кишвари тозаистиқлол ва зуҳуроти номатлуби маҳалгароию тафриқаандозӣ иртиботи зич дорад.  Тадриҷан бо ҷалби оммаи васеи мардуми огоҳу ноогоҳ ташкил шудани гирдиҳамоиҳо ва майдонбозию майдоннишиниҳо, ки асосан аз ҷониби ҳизби наҳзати исломӣ ташкил мешуданд, ба монанди майдони “Шаҳидон” вазъи бе ин муташанниҷ ва мураккаби дохили ҷумҳуриро боз ҳам нооромтар ва ноустувортар мекарданд. Шиору шиорпартоиҳои зиддиҳукуматии он даврон эҳтиёҷ ба шарҳу тавзеҳи алоҳида надорад.

Бар зидди ин ҳаракатҳо қувваҳои равшанфикре ҳам ёфт шуданд, ки бар атрофи ҳукумати қонунӣ муттаҳиду сарҷамъ гашта, майдони “Озодӣ”-ро ташкил ва ба хотири то андозае таъмини амнияту суботи ҷомеа, истодагарӣ бар зидди бедодгариҳои ин қувваи иғвоангез фаъолият нишон медоданд ва қувваҳои равшанфикр дар сатҳи давлатӣ онро идора менамуд. Ман ҳамчун шоҳиди зиндаи он воқеаҳо хуб эҳсос менамудам, ки аксари мардуме, ки тақдири давлату миллат барояшон муҳим буд,  майдони “Озодӣ”- ро тарафдорӣ мекарданд. Баргузор шудани роҳпаймоии оммавии 1 –уми майи соли 1992 равшан нишон медиҳад, ки аксари мардум хоҳони  ҳарчӣ зудтар тинҷу ором шудани вазъи дохилии кишвар буданд. Мутаассифона, тавассути ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи манфиатхоҳ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ, дасисаи мансабхоҳони онҳо ва дахолати қувваҳои беруна дар Тоҷикистони навин як миллат, як халқ, пайравони як дину мазҳаб бар зидди ҳамдигар сангар гирифта, қасди ҷони ҳамдигар карданд. Ватанро хатари нестшавӣ таҳдид кард, аз тарси ҷон касе масъулиятро бар дӯш гирифтан намехост. Мансабдорони вақт аз тарси ҷони  худу оилаашон аз вазифаҳои масъулиятнок даст кашиданд, давлат бесоҳиб монд. Ғоратгарӣ, маҳалгароӣ, қасдгирӣ, таҷовуз… ин ҳама манзараҳои хоси нобасомониҳои он рўзгори муташанниҷ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  буданд.

Таҷрибаи талхи марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нишон дод, ки ҳизби наҳзати ислом тўли мавҷудияташ ба ғайр аз афрўхтани оташи ҷангу муноқишаҳои дохилӣ, гурўҳбозию майдоннишиниҳо, манфиатталабию қудратталошиҳо, қатлу куштор, кўшиши табаддулоти давлатӣ, бегонапарастӣ, тарғиби андешаҳои ботилу барғалат,  густариши тундравию ифротгароӣ кори дигареро анҷом надодааст. Дар ибтидои солҳои 90-ум бетарафӣ ва ноогоҳии ҷомеаи кишвар аз асли ҳадафҳои ин равияи хатарзо боиси талафотҳои азим гардид.

Ман ҳамчун корманди ҳизбӣ дар раванди фаъолияти ҳизбиам борҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар хусуси масъалаҳои мубрами рўз  баҳсҳо намудаам.  Борҳо мушоҳида намудаам, ки онҳо дастоварду пешрафти Тоҷикистонро нодида гирифта, ғаразу манфиатҷўии худро афзал медонистанд. Аксаран намояндагони он дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ бештар фаъолият нишон дода, ҳатто шахсонеро ба вакилӣ пешниҳод менамуданд, ки гумон мекунӣ на аз кӯчаи одамию инсонгароӣ, на аз кӯчаи маърифат ва ҳатто на аз кўчаи сиёсат гузаштаанд. Ҳолатҳое низ буданд, ки онҳо гурӯҳ – гурӯҳ  бо  киёфаҳои махсус ва пешониҳои бо матои якхела басташуда дар мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ҳозир шуда, дар дили мардум ва интихобкунандагон як навъ воҳима ва изтироб меангехтанд. Ҳатто таҳдидомез ақидаҳое низ паҳн менамуданд, ки агар интихобкунанда ба тарафдории ҳизби наҳзати исломӣ овоз надиҳад, гӯё ӯ мусулмон нест.

    Маҳз дар айёми нобасомонию ноустувориҳо баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайки раҳоие буд, ки маҷрои нобасомониҳои кишварро ба самти тамоман дигар гардонида тавонист. Дар он рўзҳо садои дили вакилони мардумӣ ба гӯши пиру ҷавон, ки тақдири давлат барояшон муқаддасу муҳим буд, баръало мерасид. Зимнан, раванди иҷлосия дар рӯзҳои аввал якмаром набуд. Зиддиятҳо, ба худию бегона ҷудо шудан, манфиатҷӯию тарафкашӣ дар рӯзҳои аввал ба тасдиқи рӯзномаи иҷлосия халал мерасониданд ва ба сабаби ҷоҳталабии баъзе касон он тасдиқ намегардид. Табиист  ки ин амал барои ба маҷрои дуруст даромадани кори иҷлосия садду монеа эҷод мекард. Бо вуҷуди ин эҳсос кардан душвор набуд, ки ақли солим бартарӣ дораду он ба вакилони халқ раҳнамо мешавад ва онон дар интихоби сарвар, ва ба эътидол овардани авзои кишвар ва ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ба хатогӣ роҳ намедиҳанд.

    Метавон одилона иброз дошт, ки муносибати вакилон дар интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи роҳнамоии ақли солим буд ва ин тасмими таърихӣ минбаъд дурустии худро собит сохт. Сардори тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мактаби нави сарварии давлатро эҷод карданд, балки бо назардошти таҳаввулоту равандҳои сиёсию иҷтимоии кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба ташкили ҳизби нави сиёсӣ иқдом намуданд ва Роҳбари ҷавони давлат дар ин маврид хато накарданд. Худ таъсис додани ҳизби сиёсӣ дар ин давра кори осон набуд. Дар зеҳни мардум чунин пиндор ҷо гирифта буд, ки ҳамин аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои мухталиф Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Аммо мақсади Роҳбари давлат, ки қатъӣ буд,  мурод ҳосил шуд. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолияти созанда ва бомароми худ вирди забонҳост. Бо интихоби Сарвари давлат раванди сиёсии мамлакат майлони тоза пайдо намуд. Ташаббуси беназири Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барқарор намудани оромию суботи сиёсӣ дар кишвар, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба ватан, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтаанд. Ба ибораи дигар, марҳалаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси он оғоз ёфта, иҷлосия рисолати таърихии худро дар самти бартараф намудани хавфи нестшавии давлат ва парешонии миллат ба иҷро расонид. Нуқтаи олии ин ташаббусҳои беназир ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллист ва оғози созандагию бунёдкориҳои бесобақа моро ба ин рўзи пурсаодат расонид. Бояд қайд намуд, ки ин ҳама дастовардҳои наҷиб моро ба осонӣ муяссар нагардидааст. Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд, вазъи сиёсии кишвар ноустувор, амнияти ҷомеа осебпазир, кишвар дар ҳолати буҳрони амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошт. Ҳар чӣ қадар вазниние буд, Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби давлат онро таҳаммул карданд, ба хотири имрўзи обод ва осоиштаи мардум ва давлат собитқадам саъю талош варзида, ҷонфидоӣ намуданд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳанўз моҳи декабри соли 1992 иброз доштанд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Тоҷикистон имрўз дар марҳилаи муҳими рушд ва тараққиёт қарор дошта, бо ташаббусҳои наҷиб ва созандагиву бунёдкориҳои бесобиқа дар ҷаҳон мавқеи мустаҳками сиёсӣ пайдо намудааст. Хушбахтона, имрўз ҳар як нафар шахси ватандўсту ватанпарвар, ки тақдири миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барояш муҳиму азиз аст, пайомади он ҳама тафриқаангезиву мансабталошӣ, нобасомониҳои гурўҳҳо, ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ, махсусан ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломиро, ки дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар ба миён оварда, дар тўли мавҷудияти худ онро идома доданд, бахубӣ дарк ва эҳсос намуда, бар зидди ин гуна падидаҳои номатлуби ҷомеа баромада метавонад.

Муҳаммад Исомаддинзода,

директори филиали МД «Донишкадаи

ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва

бозомўзии кормандони соҳаи

маориф» дар вилояти Суғд,

номзади илми кимиё

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>