Дастгирии ниёзмандон ҳадафи асосии ҳизб

20200729_082711

Дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои фаъолият ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Ҷиҳати амалии он ба муносибати Иди Саиди Қурбон кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар ҳамкорӣ бо вакилону соҳибкорон, аъзоёни фаъолу саховатманд аёдати шахсони маъюб, яккаву танҳо ва қишри ниёзманди ҷомеаро ба роҳ монд.Бо ин мақсад, бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд М.С. Бобоҷонова, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А. Анварзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Д.И. Очилов аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Меҳрубон” аёдат карда шуданд.
Дар рафти мулоқот табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба самъи ҳозирин расонида шуда, ба 21 нафар маъюбони ташкилоти мазкур маводи хӯрокаи ниёзи аввал дастрас карда шуд.
Аёдатшудагон аз ин иқдоми хайру савоб шоду мамнун гардида, ба Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзу сипос ва миннатдории хешро изҳор карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>