«Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр…»

Инак тӯли чанд моҳ буд, ки бо сабабҳои объективӣ, баҳри нигоҳдошти солимии ҷомеа, мо барои расидан ба ҳадафҳои комили дарпешгузошта ба маҳдудиятҳо дучор омада будем. Дар миқёси ҷаҳонӣ хуруҷ кардани бемории вирусии COVID-19 бори дигар собит намуд, ки инсоният бе ҳамдилию бе муттаҳидӣ дар пеши вабои аср осебпазир аст ва ин моро бори дигар водор месозад, ки беш аз пеш баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти беҳдошти солимии ҷомеа бетараф набошему чораҳои заруриву мушаххасро андеша намуда, саъю талош варзем. Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки тадбирҳои саривақт андешидаи Роҳбари давлат баҳри пешгирии хуруҷ ва паҳншавии ин вирус, ба халқи Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои дуру наздик асари ҷонии назаррасе нарасонид, танҳо бархе аз мардуми мо ба таҳлука афтода, фирефтаи бофтаҳо ва иғвоҳои душманони халқу миллат гаштанд. Дар чунин рӯзҳои бисёр ҳам ҳассос, ки ҳамраъйиву ҳамфикрии ҳамагон ва дастгириву ғамхорӣ нисбати якдигарро талаб мекарду мардум сарҷамъона баҳри нигоҳ доштани хотири ҷамъу осудагии хеш бояд кӯшиш мекарданд, баръакс баъзеи онҳо ба ҳар гуна суханҳои пучу ботил ва ғайбатҳои пасидеворӣ дода шуданд…

Ғайр аз ин, мо аз ҳама чизи муҳимро аз хотир фаромӯш кардем, ки ин ҳам бошад: «Тоҷикистон – биҳишти рӯи замин!» Оре, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда ба Ватани маҳбуби мо чунин қиёсро надодаанд, зеро боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакроранд. Мо тавонистем, дар шароити табиии хеш, аз боду ҳавои мусаффои Тоҷикистонамон нафас кашида, аз анвои хуришҳои тозаи сарзаминамон баҳравар гардида, бо зиндадиливу ба ҳама мушкилиҳо тобовариамон, аз халқу миллати асил буданамон, аз сиёсати бунёдгузоронаву ободкорона ва ҳадафҳои стратегии дар амал татбиқгардидаистодаи давлату Ҳукумат бархурдор шуда, ба ин вабо устуворӣ нишон диҳем. Пешвои рамузфаҳму дурандеш ва хирадманду халқпарварамон бо ибрози пайғоми насиҳатмандонаашон, ки дар суханронӣ ҳангоми ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Деваштич (27.06.2009 сол) гуфта буданд: «Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед! Шукронаи ана ҳамин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!» ба мову Шумо роҳнамоест, ки бо амали воқеии риоят ба он, мерасем ба ҳадафу ниятҳои неки волои инсонӣ: ба қадри ҳаёт, қадри пайвандон, қадри Ватан, қадри хизмати гузаштагон, қадри имрӯзу оянда…

Ҷон барои инсон ширин, инро бори дигар ҳамаи мо начанде пеш фаҳмидем ва худ ҷон, ки ин ҳаёти инсонист, имрӯзу фардо ва ё шояд як нафас, на ҳар кас тавонист, огоҳона ва ё ноогоҳона, мазмуну моҳияти онро ба таври возеҳ имрӯз дарк намояд… Ба қавли мардум: «боз Аҳмади порина»… Вале, на ҳама кас, лекин ҳастанд нафарон, ки дарси ибрат нагирифтанд…

Худ, ки гарчанде ҷавон бошам ҳам, имрӯзҳо дида истодаам, ки чӣ тавр мо гузаштаи талхи таърихи начандон дури худро тез фаромӯш мекунем, ҳамин ки мушкилӣ паси сар шуд, боре ҳам, бо мақсади дарси ибрат, бо мақсади қадр намудани шароити имрӯзи худ, бо мақсади дар руҳияи инсондӯстиву хештаншиносӣ ва ватанпарвариву меҳрафрӯзӣ тарбия намудани насли наврас аз он рӯзҳо ёдоварӣ намекунем… Дуруст, ба гузашта салавот, лекин бе таърих, бе гузашта – инсон мисли кӯри асогумкардаест, ки боз пешипо мехӯрад, боз ба хатогиҳо роҳ медиҳад…

«Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд»…

            Бо дарки ормону омолҳои гумкардаамон, мо ба қадри имрӯзи худ мерасем. Имрӯзи мо – барои фардост ва аз аввалин нафас оғоз намуда то вопасин мо барои фардо зиндагонӣ мекунем, барои наслҳои оянда, бо баробари бархурдор гаштан аз таҷрибаи бузургону гузаштагон, нақшаи ояндаамонро мекашем, аз нақшае, ки пас аз як сония рух доданашро хостанҳо, то ба даҳсолаҳои оянда, ҳатто нафароне ҳастанд, ки пас аз марг аз онҳо чӣ бояд боқӣ монад, ба нақша мегиранд. Худованд низ инсонро чунин офаридааст, ки танҳо ба пеш қадам ниҳад, ба он роҳе, ки бо чашмаш мебинаду бо ақлаш дарк мекунад, танҳо ва танҳо ба пеш, яъне ба сӯи ояндаи дурахшони худ, бо гузоштани роҳу пайроҳа баҳри расидан ба мақсадҳои бузургу наҷиби нек, бо ниҳодани хишти созандагиву коштани тухми ободонӣ.

            Бинобар ин, мо имрӯз вазифадорем, ки пайрави Пешвои миллат, созандагони Ватан ва насли бунёдкор бошем, аз кору пайкори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамарӯза дар фикру андешаи таъмини пешрафти кишвар ва муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум мебошанд, илҳоми тоза ба тоза гирифта, саъю талош варзем то, ки ба уқёнуси беканори меҳрубониву ғамхорӣ ва бунёдкориву ободониҳои Пешвои миллат қатрае саҳмгузор бошем.

            Имрӯз набояд ба фориғболӣ роҳ диҳем, зеро мавҷи дуюми вируси COVID-19 хурӯҷ карда истодааст. Ин вируси «террористу экстремист»-и биологӣ мисли он террористҳову ифротгароёни исломтарош ва худхоҳ боз ба ҷони садҳо ҳазор нафар сокинон, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳо ва ба рушду тараққиёт таҳдид намуда истодааст. Бинобар ин, фарзу суннати инсонии мо – ин аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, таҳаммулпазирӣ, сарҷамъиву ҳамраъйӣ дар атрофи ҳадафҳои боадолатонаву инсонмеҳваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он сарвате, ки имрӯз дорем, ҳаёти босуботу осоиштае, ки ба сар мебарем, бозию хандаҳои кӯдаконе, ки дар хонадонамон танинандоз аст, дастони ба дуо дарозкардаи падару модаронамон, ки пур аз шукргузорӣ аз тансиҳативу файзу неъмати имрӯзист, соҳибдавлативу соҳибватаниамон, асолати миллии бадастовардаамон, таъриху тамаддун ва фарҳанги доштаамон ва умуман, дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва рушдкунанда зиндагӣ карда истоданамонро қадр намоем. Дар баробари ҳифзи саломативу генофонди миллат, нагузорем, ки душманони халқу миллатамон бо дастони як гуруҳи гумроҳу ватанфурӯш ба имрӯзу ояндаи дурахшони мо заррае халал расонанд. Ҳамаи мо шоҳиди воқеияти зиндагӣ гаштем, ки имрӯзҳо саркардагони ин гуруҳ, дар ниҳояти кор дарк намуданд, ки оқибати аъмоли гумроҳонаашон натиҷаи мусбӣ намедиҳад, гарчанде дер шуд, аммо онҳо бо чашми ҳайрат ба осмони софу беғубори Ватани азизамон назар афканда, пушаймони кирдори худ гаштанд. Пайравони онҳо низ ё пушаймон мешаванд ё дар ғурбати ғарибӣ ягон номе аз худ боқӣ нагузошта, дар вартаи таърих нест мешаванд ва ё аслу насаби хешро шарманда намуда, номи сиёҳтаринро аз худ боқӣ мегузоранд, ки дар ин ҳолат миллати тоҷик ва наслҳои оянда онҳоро асло нахоҳад бахшид.

 Бобур Қодиров,

корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>