Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!

 Афсӯс, ки ин хиёнаткорони бадзод, ҳамарӯза  андешаҳои ифротии хешро бо ҳазор васила манзур менамоянд. Гуфторҳои бардурӯғу иғвоангези ин афроди нохалаф шаҳодати он аст, ки онҳо аз мақсаду мароми нопоки худ даст кашиданӣ нестанд, ва сулҳу суботи саросарӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, мардуми кишвар ба чунин рӯзи саид расидаанд, мехоҳанд халалдор намоянд. Даҳҳо далел мавҷуд аст, ки ин гуфторҳои бардурӯғи онҳоро маҳкум мекунад.

Таърих раднопазир аст, садҳо далелу бурҳони қотеъ дурӯғи бадкешонаи   онҳоро ифшо мекунад.  Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» чеҳраи аслии ин хоинони миллатро кушодааст ва инро мардуми огоҳ ба хубӣ дарк кардаанд. Фақат ин ватанфурӯшон то ҳол тан намегиранд ва дарк намекунанд. Чунки ҳақиқат талх аст, онро қабул кардан кори саҳлу сода нест. Ҳама медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иллати ин ҷангҷӯёни бадхоҳу бадкеш сар зада, хуни ҳазорон бегуноҳон рехта шудаанд. Бояд гуфт, ки ягон вақт ин нохалафони Ватан ҷониби сулҳ набуданд. Аз аввал ҳадафи ғаразноки онҳо рӯнамо буд. Имрӯз ҳам чеҳраи аслии онҳо возеҳ кушодааст.

     Андешаҳои ифротии бадхоҳони Ватанро маҳкум менамоем. Намегузорем, ки ин нохалафон ба мақсад бирасанд. Бояд хоинон  донанд, ки сулҳи Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ халалдор сохта наметавонанд, зеро онро мардуми ватандӯсташ намегузорад.

                                                                                             Қоситова Ӯ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>