Дар Рукнобод аз замин босамар истифода мекунанд

пан

Сокинони деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯ Холбек Бурҳонов ва Салоҳиддин Носиров дар замини наздиҳавлигии худ ҳосили   кишти дуюмро ҷамъоварӣ менамоянд.

Ин иқдоми онҳо дар ҷамъомаде, ки бо иштироки мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилоот Бурсибой Лутфуллоев ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Абдулҳаким Каримов дар ҷамоати деҳот баргузор шуд, боиси таҳсин гардид. Чунин оилаҳо дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот кам нестанд.

Дар  мулоқот ҳамчунин сухан аз риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ,аз ҷумла, бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, натиҷаҳои боздиди  аъзоёни гурӯҳи  тарғиботӣ  аз бозори деҳа ва хонаҳои сокинон, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, тарғиби таҷрибаи оилаҳои дар ин кор фаъол рафта , таъкид шуд, ки дар ин корҳо бояд аъзоён ва фаъолони ҳизб намуна бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>