Бо дастгирии ҳизбиён

МАМА

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСШК “Агропромтехснаб” – Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шоҳин Бойалиев бо дастовези арзанда ба боздиди ҳашарчиён, ки дар      деҳаи Тагоби халқи ҷамоати деҳоти Ворӯ мактаби нав месозанд,рафт. Ин навбат ӯ барои мактаб 30 метр панҷара ва дарвозаи зебои панҷарагӣ тӯҳфа намуд.

Бинои кӯҳнаи муассисаи таълимии мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоати деҳоти Ворӯ, Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб  сокинони деҳа      ба сохтмони бинои нав пардохтанд.  Кумитаи иҷроия сохтмони биноро бо хишт таъмин намуда буд.

Тавре сорҳибкори муваффақ Шоҳин Бойалиев мегӯяд, онҳо соли гузашта дар  қабристони шаҳр ба дарозии  50 метр айвон бо нишастгоҳҳо сохта буданд. Ҳар сол арафаи идҳои миллӣ ва мазҳабӣ даҳҳо оилаи эҳтиёҷманд аз марҳамати онҳо баҳраманд мешаванд.

Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоӣ дар шаҳр яке аз аввлинҳо шуда, нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбиро низ иҷро намуданд.

Имсол хонандагони деҳаи Тагоби халқ таҳсилро дар бинои нав оғоз мекунанд. Дар бунёди он ҳиссаи Кумитаи иҷроия ва ҳизбии фаъол Шоҳин Бойалиев низ ҳаст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>