Аёдат ба муносибати Иди саиди Қурбон

0101

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи рӯзҳои Иду ҷашнҳо аёдати шахсони яккаву танҳо, маъюбон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба ҳамин муносибат санаи 29 июли соли 2020  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам оилаҳои ниёзманд аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оилаи Қодировҳо ва  оилаи Рашидовҳоро аёдат намуда онҳоро аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Иди саиди Қурбон табрику таҳният намуданд ва ба онҳо маводҳои ғизоиро тақдим карданд.

 Инчунин аёдатшудагон аз ғамхориҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ниёзманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Аёдати оилаҳои ниёзманд дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби фаъолони ҳизб идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>