Ислоҳ ТВ –дурӯғгин аст (ё худ ҷавоб ба барномаи Ислоҳ-ТВ “Номаи шикоятии кормандони КДАМ-и ноҳияи Рашт”)

Аккоси навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин мисли нолаву оҳи гузаштаҳояш дар сомонаи иҷтимоӣ ягон асос ва ҳақиқате надорад. Ин дафъа уллоси ӯ аз номи кормандони КДАМ-и Рашт бори дигар аз бофтаву сохтакориҳои ин аблаҳи гуреза дарак медиҳанд. Худ қазовот кунед. Оё ягон ниҳоди боэътимод нисбати хеш ба касе бахусус, ба гурезаву ифротгаро, ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, ки на обрӯ дораду на нуфуз дорад, дар ҷомеа мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ касб накардааст изҳори андеша менамояд? Ҳаргиз не!

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис  ва фаъолияти  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажотпарастӣ, миллатгароӣ хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва  ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.

Ин нуқтаи  Моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Муҳаммадиқболи Садриддин ва ТТЭ ҲНИТ  бомбаи атомиест, ки ҳар лаҳза ин нохалафҳоро пора-пора мекунад. Ҳамаи сухтанҳову пухтанҳои Муҳаммадиқболи Садриддин  ва ҳаммаслаконаш ба ана ҳамин райъи мардуми меҳанпарасту адолатхоҳ нигаронида шудаааст.

Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин сатр то интиҳо алайҳи андешаи ифродгароён, нажотпарастон, хусуматгароҳо, мазҳабфурӯшон тарҳрезӣ шудааст.

Бисӯзу бимур, ки Нуралӣ Муродов сарсупурдаи миллат буда, барои оромиву амнияти кишвар ҳаёти хешро бахшидааст. Дар кадом минтақа дар кадом вазифа фаъолияте надошта бошад, танҳо ба хотири ояндаи дурахшони кишвар ранҷ бурдааст ва миёни мардум обрӯву нуфузи шоистаро соҳиб гаштааст.

 Ба  қабули Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сол сипари шуда ва дар доираи меъёрҳои он давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, ягона  ва воқеан давлати милли тоҷикон бунёд ва дар арсаи ҷаҳон шӯҳратёр гардид.

Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари розу ниёзи сокинони Тоҷикистон ва кулли  тоҷикони ҷаҳон аст.

Қонуни асосии миллат, бахтномаи сокинони Тоҷикистон намегузорад, ки афкору андеша ва ҳатто худи хоинону душманони миллат мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, Кабириву кабирипарастҳо  ба  Тоҷикистони биҳиштосо роҳ ёбанд.

 

Ватанпараст, Ватанпараст!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>