ИСТИҚЛОЛИЯТ-САРВАТИ БЕБАҲО

Мардуми шарифи тоҷик зимни таърихи тӯлонӣ ва бостониро аз сар гузарониданаш бо давраҳои пурошӯбу ноором ҳамрадиф гашта бошад ҳам, давраҳои тиллоӣ ва барҷастаеро низ паймудааст, ки яке аз намунаҳои беҳтарини он аҳди Сомониён мебошад. Сарварони аҳди мазкур, аз ҷумла нахустин амири сулола-Исмоили Сомонӣ бо хирадмандиву сулҳпарварии худ пайваста кӯшиш ба харҷ медоданд,ки сулҳу осоиштагии давлати абарқудрати хешро таъмин намоянд. Пас аз пошхӯрии иттиҳоди шуравӣ Тоҷикистон бо даргириҳову низоъҳои дохила рӯ ба рӯ гардид, ки барои аз байн бурдан ва фурӯнишонии вазъияти носолими ба вуҷуд омада, ҷумҳмурӣ ба сарвари тавоно ва хирадманде зарурат дошт. Замона ба мардуми азияткашидаи тоҷик чунин роҳбарро дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ато намуд.

Маҳз истиқлолият буд, ки ба мо имкониятҳои доманадор фароҳам овард, то мо ба хотири фардои дурахшону осоиштаи хеш ва наслҳои ояндаамон дилпурона меҳнату зиндагӣ намоем. Баҳри ноил гаштан ба чунин сарвати бебаҳо миллати мо тавонист, ки ба мухолифатҳо, низоъҳои дохилӣ, хатари парокандагии миллати тоҷик, аз байн рафтани давлати тоҷикон хотима бахшад, ки ин ба туфайли таҷрибаи ғании зиндагии мо сурат пазируфтааст. Акнун, ки мо давлати соҳибистиқлол ва пурқудрати худро дорем, ба қадри осудагӣ, тинҷиву амонӣ ва осмони софу беғубор бояд расем, ҳушёриро аз даст надиҳем ва ба найрангу дасисаҳои душманони халқ фирефта нагардем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>