Иқдомоти башардӯстонаи Пешвои миллат

Миллати тоҷик имрӯз дар фазои озоду кушоди соҳибистиқлолӣ умр ба сар бурда, баҳри гулгулшукуфоии диёри хеш дастҷамъона  заҳмат мекашад. Ҳар як сокини кишвар хуб медонад, ки ин ҳама дастовардҳои беназири замони истиқлолият бо номи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст. Дар давоми 29 соли сипаришуда бо   ҷасорати фавқулодда ва иродаи мустаҳками Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даргириҳои дохилӣ хотима ёфтанд ва  Тоҷикистони азиз  асосан баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ давра ба давра рушду нумӯъ кард. Пешвои муаззами мо сиёсати дохиливу хориҷиро тавре ба роҳ монданд, ки мамолики олам бо камоли  майл дарҳои ҳамкориҳои хешро ба рӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз намуданд. Кишвари мо ҳоло бо аксари давлатҳои пасошӯравӣ ҳамкорӣ менамояд, байни Тоҷикистон ва Русия, Амрико, Чин, Ҷумҳурии Эрон, Туркия, Куриё ва амсоли ин корхонаҳои муштарак таъсис ёфтанд, ки ин барои болоравии сатҳи иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Дар марҳилаҳои баъдӣ иқдомоти башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон нишон доданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар андешаи тараққиёти кишвар ва саодати халқи худ, балки ҷиҳати беҳбудии аҳли башар низ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо мешавад аз ташаббуси наҷиби Президенти мамлакат оид ба  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2020» ёдовар шуд, ки ҳоло дар асоси Қатъномаи  Созмони Милали Муттаҳид мавриди татбиқ қарор дорад. Ин гуна ташаббусҳои ҷаҳонӣ обрӯву эътибори Тоҷикистони азизро дар сиёсати байналмилалӣ боло бардошта, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва гузашта аз ин, тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>