5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОН ИСБОТИ ҚАДИМА БУДАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

images
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод, мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи баҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад. Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, қайд намуданд, ки «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгории таърихӣ мебошад».
Маҳз бо ҳамин сабаб бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 таҳти № 391 Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид, ин яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ дар Суғд мебошад. Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Ба иттилооти Ҷованнӣ Бокардо — мудири дафтари Осиё ва Океания дар ЮНЕСКО, Саразм бар асоси ду меъёр ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Аввалан, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Он чор ҳазор сол пеш аз милод як маркази тиҷорати ҳамон давра дар минтақа ба шумор мерафт.
Омили дуюм бошад, Саразм як навъ аз тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чорум ва сеюми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд, шаҳодат медиҳад, ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишини аввалия доштааст.
Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Нахусткошифи Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов рӯзҳои фараҳбахшро ёдоварӣ намуда, навишта буд: «Рақами 13-ро баъзеҳо бехосият мегӯянд. Оё ҳамин тавр аст? Камина 13-уми сентябри соли 1976-ро ба некӣ ёд меоварам. Ҳар касро рӯзе, воқеае ҳаст, ки абадӣ ба хотираш нақш бастааст ва он барои ман ҳамин рӯз аст. Он рӯз ва ҳодисае, ки дар он рӯз ба вуқӯъ пайваст, тақдири ояндаи фаъолияти илмии маро ҳал кард ва зиндагии ман гӯё маънии ҳақиқии худро дарёфт. Он рӯз рӯзи кашфиёти шаҳраки қадимаи Саразм аст».
Кофтуковҳои бостоншиносӣ самари хуб доданд ва тақвияти он навиштаи зери бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов мебошад: «То имрӯз мо аз қаъри замин чиҳоро кашф намудаем, кадом бозёфтҳои нодири фарҳангро дарёфтем. Пеш аз ҳама, аз қаъри замин зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 оташкадаи оташпарастон, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, бӯстонсаро бароварда шуданд. Маълум шуд, ки сокинони Саразм бо ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ рафтуо доштанд. Ҳоло мо дар даҳҳо ҳавлию 3 кӯчаи аробагард ва 2 тангкӯчаи пиёдагарди шаҳраки Саразм роҳ гашта, аз завқи баланди маданияти шаҳрсозии ниёгонамон ҳаловат мебарем. Бозёфтҳо асосан аз анҷоми рӯзгор, зебу зиннати тиллоӣ, нуқрагӣ, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун ва устухонҳои ҳайвоноту паррандаҳо иборатанд. Зарфҳои сафолини мунаққашу сангини суфташуда ва порчаҳои нақшҳои деворнигорҳо аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд».
Дар асл мавзеъгоҳи Саразм зиёда аз 100 гектар мебошад, ки дар замонаш майдони калони ғайримуқаррарӣ маҳсуб меёфт. Маҳз ҳамин далел боиси пайдоиши фарзияи илмӣ оид ба пойтахти Суғди қадим будани Саразм гардид.
Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.
Бо ташаббуси Сарвари давлатамон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, солҳои 2019-2021 низ солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.
Дар ин раванд ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил додани онҳо, аз ҷумла, Саразми бостонӣ мақсади муҳими ҷомеа мебошад.
Мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Исмоилова М.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>