Ҷавонон нерӯи бузург

Дар Паёми Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида буд. Ташаббус гардидани ин иқдоми наҷиб агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоӣ-демографӣ ва сиёсӣ-стратегӣ рабт дошта бошад, аз тарафи дигар ҷамбаи таърихӣ дорад. Зеро насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият-сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами ҳукумати кишвар буданду ҳастанд. Ба назар расид, ки дар «Соли ҷавонон» ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва созандагии ҷавонон боз ҳам боло рафта, онҳо аз худ чун пайравони Пешвои муаззами миллат дарак доданд.
Дар бораи ҷавонон ва масъулияти бузурги онҳо Пешвои миллат чунин мефармоянд: «Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар уҳдаи онҳо меафтад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро дар руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба илму касбомӯзӣ ҳарчӣ бештар ҷалб кунем, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи зиндагии солимро тарщиб созем. Ин на танҳо вазифаи ҷонии падару модарон ва мурабиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин суръат мо пойдории давлатдории худро мустаҳкам месозем ва дилпурона пеш меравем.»
Боиси ифтихор аст, ки мо ҷавонон дар чунин давлати тинҷу осоишта умр ба сар мебарем ва аз он меболем, ки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо – ҷавонони саодатманди кишварро дастгтрӣ мекунанд. Ин аст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоиву пуштибонии Пешвои миллат масоили дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун ояндагони миллат дар саргаҳи сиёсати дурнигаронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст.
Мо – ҷавонони давраи Истиқлолият бо дарки масъулияти бузург баҳри ба боварии Роҳбари Олии Ҳукумати кишвар сазовор гардидан имрӯзҳо кушиш ба харҷ медиҳем ва аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, суханони пурмуҳтавои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, ки иброз дошта буданд: «Мо ба ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз ба нангу номуси миллӣ, ташабусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар –Ватани худ содиқона хизмат мекунанд», сармашқи кори худ қарор медиҳем.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии мардум талош меварзанд. Онҳо дар маркази тамоми рӯйдодҳо қарор дошта, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи муосир ва ҳисси ватандустӣ ва ифтихори миллӣ барои рушду тарақиёти кишвар саҳмгузоранд.
Дар сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар масъалаи ҷавонон ва боло бурдани маърифати онҳо мақоми хосро дорад.
Дар шароити имрӯза роҳе, ки ҷавононро ба пеш мебарад, аз донишҳои замонавӣ бархурдор будан аст. Чанг ба домани илму маърифат ва дониш задан имрӯз беш аз пеш аҳамияти ҷиддитар пайдо мекунад, ба далели он, ки имрӯз воситаҳои гунонгуни ахлоқвайронкунанда дар ҷомеа зиёд шудааст ва ҷавононро чун оҳанрабо ба сӯи худ мекашад. Мутаассифона кам ҷавононро мебинем, ки дар роҳи илму маърифат собитқадамона пой гузоранд. Ин ҷиҳат яъне, аз омӯзиш дур будани онҳо боис шудааст, ки аз лиҳози ахлоқи заиф камол ёбанд ва ин заиф дар навбати худ аз оилае, ки дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, талаб мекунад, ки бештар кор бара два барои ташаккули маънавию ахлоқии ҷавонон саҳми бештар гузорад. Боя доила аз рӯи нақшаи муайян ба тарбияи фарзанд эътибор диҳанд. Онҳоро солиму доно ба воя расонад. Устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар аввали асри 20 оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва мақоми тарбияи тифлон эълон намуда буд.

Муҳаммад Авезов -
узви фаъоли ҲХДТ,

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>