Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат

Фарҳанги ҳар як ҳалқу миллат хусусиятҳои худро дорад. Ҳар як миллат муқаддасоти худ мероси аҷдодии фарҳанги ҳунарӣ, фарҳанги одобу хонаводагӣ, ва дигар намудҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дорост. Ин қадриятҳои халқу миллат дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ва инкишоф меёбанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як халқу миллат кӯшиш мекунад, ки қадриятҳои халқи худро эҳтиёт кунад, равнақ диҳад ва мехоҳад дигар халқу миллатҳо низ ин қадриятҳои миллиашро эҳтиром намоянд.

Новобаста ба ин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қувваҳое амал мекунанд, ки ба халқу миллати алоҳида барои расонидани зарар, барои манфиати худ, дар асоси нақшаи пешакӣ амалиётҳои экстремистию террористиро мехоҳанд амалӣ созанд. Бо ин мақсад онҳо даставвал дар байни одамон корҳои тарғиботии экстремистиро амалӣ менамоянд.

Имрӯз имперализм аз байн рафта, шаклҳои дигари он ба вуҷуд омадааст. Зеро давлатҳои абарқудрат дар муносибатҳои байналхалқӣ на ишғоли ҳудуд, балки кӯшиши ишғоли мағзҳоро мекунанд. Вобаста ба ин баъзе давлатҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ экспансияи фарҳангиро ба роҳ мондаанд. Экспансияи фарҳангӣ тавассути воситаи ахбори омма, филмҳои гуногун, суруду мусиқиҳои бадахлоқ ва молҳои содиротӣ ба роҳ монда мешавад, ки ба арзишҳои фарҳангии миллатҳои дигар зарба мезанад.

Масалан, ба мамлакатҳои Осиёи Миёна сериалҳои туркӣ арзишоти фарҳангии Туркия, таомҳои тезтайёру либосҳои нимурён арзишҳои фарҳангии амрикою аврупоро паҳн карда истодаанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он нест, ки мо ҳамаи он арзишҳои фарҳанги муосирро рад намуда, сиёҳ гардонем. Не, балки онҳоро чунон филтр карда, қабул намоем, ки арзишҳои фарҳангии моро коста нагардонанд. То, ки дар дили мардум ҳисси бегонапарастӣ пайдо нагардад. Зеро аксарияти арзишҳои фарҳанги хориҷӣ зидди фарҳанги миллии мо буда, дар рӯҳияи мардум ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои миллиро коста мегардонад. Забони миллӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои миллӣ ва биноҳои мухталиф ба рукнҳои асосии фарҳангу маданият дохил мешаванд. Агар ҳар як давлату миллат ин унсурҳои номбаршударо қадр ва ҳифз карда тавонад, пурқудрату абадзинда мегардад. Инро давлату ҳукумати Тоҷикистон хуб дарк намуда, ҳамаи чораҳои заруриро андешида, кӯшида истодааст, ки фарҳанги сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро боло бардошта, ба дили мардум ҳисси миллатдӯстию ватандӯстиро ҷо кунад.

Лекин, дар ин маврид фақат чораандешиҳои давлату ҳукумат басанда набуда бояд ҳар як узви ҷомеа қадриятҳои халқи худро эҳтиром намуда барои ҳифз ва ривоҷу равнақи фарҳанги миллии худ кӯшиш ба харҷ деҳад.

Мо бояд ба тинҷиву осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ шукрона намоем. Арзишҳои миллии худро қадр намуда, дар ҳаёти ҳаррӯзаамон либосҳо, таомҳо, суруду филмҳо ва забони миллию давлатии худро бештар истифода кунем. Зеро, беҳуда нагуфтанд, ки барои барҳам задани давлат, аввал забони онро барҳам дод.

 

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Он яке қадри сухан гумкардае,

Дигаре боғу чаман гумкардае.

Аз забони модарӣ гумкарда лек,

Мерасад рӯзе ватангумкардае…

(Лоиқ Шералӣ)

 

 

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раҷаматов Аскарали

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>