Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост

Гулистон. Бо мақсади амалигардонии фармони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №31-ҷ аз 25.10.2016 дар бораи гузаронидани аксияи вилоятии “Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост” чанде пеш дар толори шӯъбаи маориф КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳр оид ба масъалаи мубориза бо унсурҳои коррупсионӣ, дар мавзуи «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ  Қосимова К,М  ва кормандони КИ  иштирок намуданд. Дар баромади худ раиси КИ ҲХДТ Қосимова К.М  дар бораи унсурҳои коррупсионӣ, пешгирии ҳолатҳои он сухан ронда, ҳозиринро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ки  таҳти №100 аз 25 июли соли 2005 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст ва мавриди амал қарор дода шудааст, маълумот дод. Инчунин дар бораи нақшаи амали «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» суханронӣ намуд   Ҳамчунин чунин вохӯрӣ дар Ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқи Суғд” аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб Маносиров Шарофиддин  ва мудири шӯъбаи кор  бо занон ва ҷавонони КИ Бадалова С,Р имрӯз санаи 25.11.2016 гузаронида шуд. Дар аввали ҷамъомад Маносиров Ш.М ба иштирокчиён оиди мақсаду мароми вохӯрӣ  маълумот дод. Пас Бадалова С.Р баромад намуда, дар бораи бобу моддаҳои қонуни дар боло зикргардида  маълумот дод.Ӯ асосан дар бораи моддаи 4-и Қонун- Принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия ва моддаи 6  -Кафолатҳои дахлнопазири шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд, истода гузашт. Дар охири вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷамъомад саволу ҷавобҳо дар доираи мавзӯъ гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>