​Террорист аст, Сайидюнус!

Боиси нафрату надомати мардуми кишвар гардидани як навиштаи ҳангомахоҳонаи Саидюнуси Истаравшанӣ худ далолат ба он мекунад, ки ҲНИ дигар дар Тоҷикистон мавқеъ надорад. Мо хуб медонем, ки дар оғози фаъолияти хеш ҲНИ бо паҳни чунин маълумотҳои бардурӯғ ва тавтеахоҳона як маротиба кишвари моро ба оташи ҷангу нифоқ кашида буд, ки беш аз 300 ҳазор нафар кушта шуд. Ин ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ даҳшатбортарин воқеа дар таърих ба шумор меравад. Имрӯз кишварҳое, ки ба ҷанги дохилӣ гирифтор гардидаанд чунин куштору даҳшатро ба анҷом нарасонидаанд, ки мо. Яъне агар дар сари қудрат мисли ҳамин нафароне чун Саидюнуси Истаравшанӣ ва Кабирии хоин бошанд онҳо қодиранд ҳалқи тоҷикро нобуд сохта, хоҷагонашонро дар минтақи мустақар созанд. Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ ба номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он малоик ба “шарофати” он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст.

Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардида аст. Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумонаш аз гирду дорҳои сиёсатмадорони дороиплатформаҳои мухолифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши мӯътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияти бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад,азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстрамистию террористии Ҳизби наҳзати ислом беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта,ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохили ин ҳизб парлумонӣ гардид,аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсади онҳоро кушод. Охирон имконияти наҳзатиён табаддулот буд,ки билохира дар он шикаст хӯранд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.

Мутаассифона,ки таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунунбаъзе фирориёни ин ҳизби терорристиву ифроти эълоншуда дар хориҷа аз “адолат”–у“нақзи ҳуқуқи инсон” даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯй накардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса омад, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези “Гурӯҳи 24”, ”Ҳизб-ут-таҳрир”, “ Ваҳҳобия”, ”Салафия” ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату бӯҳтон мерезанд.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро бароисиёсат суиистифада кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтаи бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарии фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст :

Ҳар ки бар душмани халқ равон аст чу баҳр ,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

аъзоёни фаъоли ҲХДТ

 дар шаҳри Хуҷанд

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>