Ба қадри неъмати истиқлол бирасем

images

Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист.

Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири  бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври доимӣ соҳиби обрӯ ва манзалати хосса мегардад, ки номаи тақдирашро танҳо ба дастони хеш эҷод ва иншо карда бошад.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик гардиши куллӣ ва тақдирсоз  ба вуқӯъ пайваст. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум бо қарори худ 9 сентябрро Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард ва ин сана дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи миллӣ бо хати заррин сабт гардид, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард.

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд. Тоҷикистон дар тӯли 29 соли истиқлолияти хеш  рӯз то рӯз зебову обод мегардад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза мегиранд. Ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун”, беморхонаю бунгоҳхои тиббӣ, мактабҳои замонавии дорои таҷҳизоти зарурӣ далели равшани самараҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ки тавассути дастгириҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Бо анвои зиёди хӯрданиҳо дастархонҳои дабдабанок дар маъракаҳою идҳо ороста мешуданд, ки ба ҷуз ба буҷети оилаи худ зиён овардан чизи дигаре набуд. Амали қонуни мазкур ба хотири некуаҳволии мардум мебошад. Умуман, дастовардҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ бисёр мебошанд. Ҳамаи ин пешравӣ ва ободкориву дастовардҳо бо шарофати сулҳу субот насиби мо – тоҷикистониҳо гаштааст. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бояд бирасем.

Мутахассиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Исмоилова М.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>