Зиракии сиёсӣ омили муҳими пешрафти ҷамъият

Чуноне, ки маълум аст дар давлатҳои демократӣ ба воситаи доир намудани интихобот роҳи минбаъдаи кишвар муайян карда шуда, ба ҳамин васила принсипи асосии ҷомеаи демократӣ амалӣ карда мешавад. Дар кишвари мо низ бо мақсади муайян намудани роҳи минбаъдаи кишвар ва амалӣ намудани принсипи асосии ҷомеаи демократӣ интихобот барои интихоби Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор карда мешавад.

Санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурии мо яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Иштирок дар интихоботи мазкур ва дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани он вазифа ва масъулияти  ҳар як фарди вватандӯсти кишвар ба шумор меравад.

 Аксар вақт ҳангоми баргузории чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ гурӯҳҳои ифротиву тундрав ва душманону хоинони давлату миллат зери таъсири хоҷагони хориҷии худ мехонанд, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани  ин маракаи муҳими сиёсӣ монеагӣ эҷод намоянд. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ дар масъалаи ифротгароиву бегонапарастӣ таъкид мекунанд. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2017-и Сарвари давлат чунин ишора шудааст: “Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид….”.

Дар даҳсолаи дуввуми асри XXI  бинобар торафт паҳн гардидани зуҳуроти бегонапарстӣ бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, толибилмоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсили динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд. Сарвари давлат борҳо таъкид медоранд, ки таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар бояд аз мавқеи манофеи амнияти миллату давлат сурат гирад. Ҳоло дар дохили кишвар имкониятҳо барои тайёр кардани уламои динӣ мавҷуданд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ин уламо бояд симои миллӣ дошта бошанду дастовардҳои илми муосирро бо ахлоқи миллӣ-динӣ пайванд карда тавонанд. Маҳз чунин нафарон метавонанд дар пешгирӣ кардани раванди сиёсисозии ислом ва радикализми динӣ шарики давлати дунявӣ бошанд.

Солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоие рӯи кор омадаанд, ки аксари онҳо хусусият ва характери ифротиву тундгароӣ ва бегонапастиро доранд, ки дар мавриди онҳо низ ибрози назар бояд кард. Аз байни ин равияҳои динии исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои мусулмоннишин чун “Ваҳҳобия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ансор-ул-лоҳ” ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки гоҳе ошкор ва бисёрии вақт ба таври пинҳонӣ кору фаъолият мебаранд. Доираи асосии фаъолияти ин ҳаракатҳо бештар дар байни ҷавонон ва наврасон буда, аз эҳсоси эътиқодиву маърифати сусти динии онҳо сӯистифода менамоянд. Ҳадафи аслии ин ҳаракатҳо на беҳбудӣ бахшидан ба вазъи диниву диндории ҷомеа ва арзишҳои исломӣ, балки тавассути фазои динӣ ба муҳити сиёсӣ роҳ ёфтан ва халалдор намудани субботу оромии ҷомеа мебошад. Ашхосе кам нестанд, ки ҳар сол ҷонибдорони пайравони онҳо ба маҳкама кашида мешаванд.

Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар арафа ва рафти интихобот зиракии сиёсии худро аз даст надиҳад ва дар баробари ин ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кунанд.

                                                           Ҳ. Комилов, узви фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>