Истиқлолият – омили асосии рушди маърифат

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи кишвари тоҷикон аз дастовардҳои волотарин ва беназири сиёсӣ маҳсуб ёфта , маҳз ба туфайли он Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир  ҳамчун давлати соҳибтамаддун шӯҳрат пайдо намудааст. Боиси зикр аст, ки тӯли 29 сол кишвари мо таҳти ҳидояту раҳнамоиҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро бартараф намуда, ба ояндаи дурахшон раҳнамун гаштааст.

       Бояд ёдовар шуд, ки мактаб ва маориф аз рукнҳои боэътимоди давлат ба шумор рафта, рушду нумӯъ ва инкишофи он гувоҳи соҳибмаърифатӣ ва соҳибдавлатии ҳар қавму миллат мебошад. Пешвои муаззами мо масъалаи маъриватпарварӣ ва илму ирфонро ҳамеша дар мадди назар дошта , ҳангоми сафарҳои корӣ аввалин хабари неке, ки ба мардум мерасониданд, ин ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифтани мактабу муассисаҳои фарҳангӣ мебошад. Ҳамин гуна иқдоми нек соли сипаригашта дар шаҳри Гулистон ба вуқӯъ пайваста буд . Ҷаноби Олӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда , якчанд иншоотҳои ҷашниро мавриди истифода қарор дода буданд, ки кӯдакистони “Парасту” аз ҷумлаи онҳост. Коллективи кӯдакистони мазкур аз ғамхориҳои  Сарвари миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, имрӯзҳо бо муҳаббату самимият  тарбияи насли наврасро идома дода истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>