Амнияти ҷомеаи шаҳрвандӣ- асоси ҳастии Демократия

118441084_367762020882525_6819329442727568996_n

Чарлз Монтеске навиштааст, ки барои шаҳрванд озодии сиёсӣ ва оромиву осудагӣ аст, ки ба эътимод аз он асоси хушбахтии худро мебинад. Имрӯзҳо хушбахтона дар кишвари азизамон Тоҷикистон амният, сулҳ, субот ва осоиштагии ҷомеаи шаҳрвандӣ пойдор аст ва мо ба дигар ҳадафҳои шоистаи хеш аз шукргузорӣ нисбати муқаддасоти бологуфта расида истодаем.
Дар ин маврид қайд бояд кард, ки дар ҳама рафтор, пиндор, эътиқод ба фарҳанги динӣ амнияти ҷомеаи шаҳрвандӣ чун боду ҳаво зарур аст ва инсон ҳамаи фаъолияти хешро густурда дар ингуна ҷомеа пиёда месозад. Муҳим он, ки амният дар ҷомеа аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ дар такя бо нақшаҳои созанда ва ватандӯстонаи инсонҳои бузургманиш таъмин карда мешавад ва бештар вақт ҳуқуқи инсон дар чунин ҷомеаи орому осуда ба ҳадаф мерасад.
Чуноне ки медонем соли 1948 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кард. Дар моддаи ҳаждаҳуми он, муқаррароте оварда шудааст, ки ҳар кас ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Аммо одатан, интихоби шахс аз ин ё он мазҳаб аз рӯи ҷои зист, анъана, миллат ва эътиқоди падару модар муайян карда мешавад ва дар ҷомеаи мо низ чунин расм ба ин ҳад мебошад.
Чун аз ҳуқуқҳои динӣ мисол овардем ва инҷо савол пайдо гардиданаш мумкин аст, ки амнияти ҷомеа ба дин чӣ робита дорад? Бояд гуфт, ки ҳар як шахс агар ба эътиқоди динии худ пайравӣ кунад ва ҳуқуқҳои динии дигаронро эътироф ва эҳтиром намояд барояш ақидаи диниаш судовар аст, вагарна маҳдуд гардидани таҳаммул ва эътибори ношоиста нисбати дигар адён дар ҷомеа халал ворид менамояд. Дин дар фаҳмиши мо яке аз институтҳои тарбияи инсон аст, на чораи расидан ба ҳадафҳои “молиявӣ” ва мансаб! Ин истифодаи нокасонаи дин аст, ки экстремизмро ба таври назаррас васеъ тарғиб менамояд. Дин ва махсусан Ислом дар ягон давру замон зӯровариро тарғиб накардааст ва ҳадафи асосии ҳама адён тарбияи ҳазрати Инсон мебошад. Агар не, ин ақидаҳои вайронмағз барои аз байн бурдани эътиқод, вайроншавии инсонҳо ва умуман ба инсон таҳдид мекунад.
Ба ҳамин хотир, имрӯзҳо ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ чунин мухолифатҳои нопок ва нокасона аз дасти динбозон равона гардида, ба амнияти кишварҳо халал ворид месозад. Бояд мо пеш аз ҳама барои сулҳу осоиштагӣ ва амният кӯшиш намоем ва нагузорем, ки нокасону вайронмағзҳо ба мо таҳдид пеш оранд.
Масалан аҳволи давлати ҳамсоя Афғонистон кушоду равшан аст, ки кишвари динист, аммо на ба дин, на ба ойин, на ба осоиштагӣ дастрасӣ надорад, зеро чунин гурӯҳҳои мухолиф аз номи дин даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Инсонро куштан магар ислом аст? На, ин ҳама нақшаи харобсозии мардум ва ба даст овардани “фоида” мебошад.
Хулоса, дар ҷомеаи демократӣ ҳокимияти халқ дар он маврид татбиқ мешавад, ки дар ҷомеа амният ва сулҳу осоиш пойдор бошад.
М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>