БАҚОИ МИЛЛАТ ДАР ЧИСТ?

Шояд бархе аз одамони боақлу хиради равшанзамир, боре назди худ саволи ҳастию бақои миллат дар чи бошад?-ро гузошта бошанд. Ҳақиқатан бақои миллат пеш аз ҳама дар якдилию ягонагӣ, сарҷамъию иттифоқӣ ва ваҳдати миллӣ арзёби гашта, яке аз шохаҳои пойдорию устувории давлат ба ҳисоб меравад.Дар баробари ин аз муҳимтарин унсури бақои миллат ин забони миллат ба ҳисоб меравад, ки барои беолошию покӣ ва ҳимояташ ҳар яки мо бояд ҳиссагузор бошем…
Ҷои афсусу надомат хурданҳои мо пеш аз ҳама дар он аст, ки як қатор шахсиятҳои хиёнаткори кӯтоҳназар дар мисоли: М.Кабирӣ, М.Садриддину дигар думравҳои сагнаҳзатиаш, мафҳуми ҳастию бақои миллатро нодуруст қабул карда, мехоҳанд кур-курона табари кунду корношоями худу хоҷагонашонро бар решаи давалати соҳибистиқлоли мо зада, ба мақсадҳои ифлоси хеш расанд. Бадбахтона ифротиҳои косалес то ҳоло ҳам бехабар аз онанд, ки меҳани соҳибистиқлоли мо, дигар Тоҷикистони солҳои навадум набуда пурқуввату пойбарҷо, соҳиби иқтисодиёти рушдкунандаи рӯ ба тараққӣ гаштааст. Вақти он расидааст, ки он нохалафони давр аз корҳои ношоиставу бадоқибаташон даст кашида, ба тақдири талхашон тан диҳанд,ва дигар сӯи меҳани азизи мо сафсаттаҳо нахонда, ба аксуламалҳои номақбулашон хотима бахшанд.
Шавкати Мавлон — амӯзгор, адиб

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>