Интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ мароми мост.

Интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае баргузор мешавад, ки мо ҳамагон бо роҳнамоии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни бузурги  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодагӣ мегирем.

 Бо ибтикори Пешвои миллат таҷлил гардидани ҷашнҳои 5500- солагии бостоншаҳри Саразм ва 700- солагии шоир ва орифи бузург Камоли Хуҷандӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад.

Агар дар 29-соли даврони истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ бо иҷрои корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба зиндагонии шоиставу арзанда  ноил шуда бошанд, таҷлили 5500- солагии Саразм бозгўи таърихи қадима ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик мебошад.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда дар асоси талаботи боби 4, моддаҳои 65- 66- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, тартиби интихоби Президентро Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба танзим медарорад.

          Ин маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъкиди Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шароити хеле мураккаби ҷаҳони муосир, афзудани  таҳдиду хатарҳо ба низоми  кишварҳо ба асари пандемияи коронавирус, мушкилоти гуногуни геосиёсӣ,  афзоиши сатҳи бекорӣ, бӯҳрони бесобиқаи иқтисодию молиявӣ баргузор мешаванд.           Бинобар он дар ин давра аҳолӣ  бояд бисёр ҳушёр , зирак ва ояндабин бошанд. Ба маводҳои ѓаразноку ифротгароёнаи душманони миллат бовар накарда баръакс бо ҳисси ватандўстӣ ва бо далелҳои муътамад ба онҳо ҷавоб гардонанд. Таҳкимбахши сулҳу ваҳдат ва субботи сиёсӣ бошанд. Таҷрибаи талхи дигар давлатҳо ва мушкилоти солҳои 90-ум ба мо бояд сабақ гардад. Аз  захираю имкониятҳо истифода бурда истифодаи босамари заминро таъмин ва аз мушкилотҳои пешоянда наҳаросанд.

Соли 2020 чун дигар қишри ҷомеа барои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ низ соли бобарор буд. Баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, фаъолияти густурда  ҷиҳати коҳиш додани сатҳи хуруҷи бемории вогири коронавирус, омодагӣ ба интихоботи пешбинишудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  давраи муҳими имтиҳон ва натиҷагирӣ аз  фаъолият маҳсуб мешавад.  Дар интихоботи  санаи якуми марти соли равон интихобкунандагон бо ҷонибдории номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб пуштибониашонро  аз сиёсати  Пешвои миллат бори дигар собит намуданд.

         Бояд зикр намуд, ки ҲХДТ тӯли беш аз 25 соли фаъолият борҳо аз чунин имтиҳону санҷишҳо  бо сарбаландӣ гузаштааст ва бо итминон изҳор медорем, ки интихоботи навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор мешавад.

          Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо такя ба ин таҷриба тибқи муқаррароти Қонуни Конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ мебинад.

Дар асоси қарори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум) бо пешниҳоди вакилон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 таъин гардид. Дар ин рўзи тирамоҳи заррин таъин гардидани интихобот, ки ҳаво нисбатан гарм буда барои мардуми ноҳияҳои куҳистони мо хеле мувофиқ аст, интихобкунандагон ин санаро хеле хуб пазируфтанд. Дар моҳи октябр, ки дар участкаҳои интихоботӣ ба корҳои омодагӣ машѓуланд, мушкилот камтар ба амал меояд.

Дар давраи баргузор гардидани интихоботҳои пешина-  аз интихобот то интихобот  роҳбарияти ҷумҳурӣ тавонистанд дар се самт – фурў нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор гузоштан ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ба натиҷаи назаррас ноил шаванд. Мо дар асоси барномаи  пеш аз интихоботии ҲХДТ тавонистем сиёсати бунёдкоронаи худро идома дода ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва  таъмини зиндагонии шоистаи мардум  саҳм гузорем.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои раиси муаззмаи ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати 21 нафар бо сарварии раиси Кумитаи иҷроия ситод таъсис дода шуда, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дар давраи омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муайян ва мушаххас намуд. Ҳамчунин дар байни аҳолӣ ва  аъзоёни ҳизб бори дигар муқаррароти Қонуни Конститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақш ва ҷойгоҳи ин мансаби олии давлатӣ дар ташаккули низоми давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи давлат шарҳ дода, вазифаҳои онҳо дар давраи омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ фаҳмонида дода шуда истодааст.

  Кумитаи иҷроия ба ёрии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва тарғиботчиёни ҳизбӣ дастури раҳнаморо, ки шарҳи фишурдаи  моддаҳои  Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  фаро мегирад, маводи тарѓиботӣ таҳия намуда истодааст ва он ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни ситоди  шаҳрии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳҳои тарғиботӣ дастрас карда мешавад.

         Ҳоло корҳои тарғиботӣ ҷиҳати  ба аъзоёни ҳизб ва мардум фаҳмонидани мақсаду моҳияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  дастур ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия ва ситоди шаҳрии  интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии хуруҷи такрории бемории вогири коронавирус идома дошта, дар мулоқоту сӯҳбатҳо ҳамчунин сабаби санаи 11 октябр муқаррар шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои мамлакат дар давраи аз интихоботи гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоботи пешбинишуда шарҳ дода, ба саволҳои мардум ҷавоб гуфта мешавад. Чунин корҳо  дар давраи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни ситоди интихоботӣ, фаъолони ҳизб, аҳли адаб, рӯзноманигорон, омӯзгорон дар ҳар деҳа, маҳалла ва хона ба хона идома дода мешавад.

Дар ин давра дар байни мардум будан яке аз вазифаҳои муҳим ва калидии аъзоёни ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар шароити ҳозира мебошад.

 Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда таъкид доштанд, ки овози халқ ба номзади ҳизбе дода мешавад, ки ормонхои миллӣ ва мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро ҳаллу фасл карда тавонад. Ҳоло ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадоранд, ки дар ташкил ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат намуда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

          Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо камоли масъулият иброз медорад, ки ситоди шаҳрии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки  дар назди Кумитаи иҷроия таьсис дода шудааст,  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ва ҷонибдорони сершумори ҳизбамон корҳои тарғиботиро дар давраи омодагӣ  ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода, дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории номзади пешбаринамудаи Анҷумани ҳизб якдилона овоз медиҳанд ва бо ин бори дигар садоқаташонро ба ғояҳои ватандӯстонаи ҳизб, роҳбари муаззами ҳизб, ободию шукуфоии Ватани азизамон нишон хоҳанд дод.

         Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Мурод Шукурзода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>