Саразм-кашфиёти нодир ва беназир

118320326_367935617531832_895953450271267586_n
Лозим ба қайд аст, ки дар масъалаи ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани марказҳои қадимии фарҳанги тоҷикон ва фарҳанги куҳан нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст ва таваҷҷуҳашон ба таърихи миллати куҳан самимист. Бо Пешниҳоди Ҳукумати мамлакат Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул карданаш исботи гуфтаҳои болоянд.
Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “ Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.”
Аз ин руст, ки имрӯзҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Панҷакент омодагиҳои наҷиб барои таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ рафта истодаанд ва итминон дорем, ки таҷлили ин ҷашни бузург барои бори дигар муаррифӣ намудани таърихи тоҷикони бузургманиш мусоидат хоҳад кард.
Қайд бояд кард, ки доир ба таърихи куҳани ин миллати бузург, махсусан ба таърихи Саразм олимони ҷаҳон низ таваҷҷуҳ намудаанд. Масалан санъатшинос аз Фаронса Вероник Шилс дар яке аз баромадҳояш қайд кардааст, ки “Саразм тасаввуроти маро дар бораи асри сангу биринҷии ин кишвар, яъне Тоҷикистон тамоман дигар сохт… Хулосаи ман чунин аст, ки бе тадқиқу омӯзиши ин кишвар гузаштаи инсониятро равшан намудан душвор аст.” Ин баҳои баланди ҳирфаӣ барои ҳар яки мо боиси ифтихор мебошад.
Ҳамзамон аҳамияти Саразм ва таҷлили 5500-солагии ин ёдгории қадимтарин барои баланд бардоштани худшиносӣ ва маърифати наслҳои оянда мусоидат менамояд ва муҳим аз ҳама иқдомҳо ва омӯзишҳо, ки дар ин миён ба роҳ монда шудаанд боз ҳам ҷиҳати равнақ ёфтани таъриху тамаддуни Тоҷикон кӯмак хоҳад кард.
Бо ифтихор метавон таъкид кард, ки Саразм чун яке аз ёдгориҳои бузург ба маданияти қадимтарини инсоният ворид шуда, аз муаррифии он ҷаҳониён бори дигар аз таърихи кӯҳани ин миллати олимақом бохабар хоҳанд шуд.
М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>