Эмомалӣ Раҳмон- кафили фардои дурахшони Тоҷикистон

118387841_368627614129299_7349519463804679484_n

Дар ҳама давру замон барои ҷомеа ва мардум нафароне роҳбарӣ намуданд, ки малакаи кордонӣ, роҳбарӣ, сарварӣ, пешбарӣ ва пуштибонии табақаҳои ҷомеаро доштанд ва инсонҳо дар такя ва бовариву эътимод ба ин абармардон ба ҳадди фаъолияти хеш муттаҳидона барои пешрафти коре ё ҳадафе мубориза бурдаанд.

Дар кишвари мо низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардум бо такя намудан ба сиёсати Бузурги Президент, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои созандаву ободкорона гомҳои устуворро гузошта истодаанд. Ба ибораи дигар ҳар фарди ватандӯст аз оилаи худаш оғоз намуда, ободкориро маҳаки асоси фаъолияти хеш донистааст.
Инҷо ҳамзамон метавон сухан дар бораи пеш бурдани ҷомеаи навин гуфт, ки дар ҳадди назарсанҷии умумиҷаҳонӣ роҳи пешбурд сангинтар гардида истодаст ва инсонҳои хосса метавонанд дар ин миён ба ҳадди ҳукми воло пешво бошанд. Ҳамзамон дар ин давраҳои гардиши сиёсати қудратталабӣ дар Ҷаҳон агар Сарвар тавонад рушди соҳаҳои асосиро дар ҷомеа ба миён орад мардум ба ӯ эътимоди қавӣ мебанданд:
1. Сифати зиндагӣ баланд шуд ва мардум барои шароити боз беҳтар кӯшиш намуда истодаанд.
2. Сатҳи таълим ва умуман таҳсилот беҳтар гардид, мардум барои таҳсили фарзанди хеш мекӯшанд. Яъне моҳияти илму донишу ҳунаромӯзӣ дар мағзи мардум ба ҳадди хуб расида истодааст.
3. Хусусиятҳои хоси меҳнат дигар шуданд. Меҳнати ақлӣ, чун қоида, нисбат ба кори ҷисмонӣ баландтар баҳо дода шуда истодааст.
4. Эътибор ба фарҳанг, таърих ва забон ҷиддӣ гардида, рушди ин арзиҳои миллӣ дар мадди назари Сарвар ба таври ҳамешагӣ мебошад.
5. Оҳиста – оҳиста беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии сокинон, аҳамият ба ятимону маъюбон чун нишонаи олиҳимматӣ ва инсондӯстӣ ва пиёда сохтани амалҳои хайр бо иқдоми нафарони саховатпеша.
6. Таваҷҷуҳ ба дурдастарин нуктаҳои аҳолинишин ва дастрасии мардум ба молу маводи ниёзи хеш.
7. Таъмини амнияти шаҳвандон ва сулҳу суботу осоиштагӣ дар ҷомеа.
Ҷавоби ин ҳама бурдбориҳо ва ғамхориҳо барои миллат ва халқи Тоҷикистон ин эҳтиром ва садоқат ба Ватан-Модар мебошад, ки аввалан аз хидматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтаанд.
Мо бо Президенти худ ифтихор дорем!
Роҳи тайкардаи ӯ роҳи эътибор ва омӯзиш аст.
Иқдомҳои ӯ барои пешравии Ватан аст.
Дастури ӯ созандаву гомҳояш барои устувории ҳадафҳои миллӣ гузошта шудаанд.
Халқ ӯро ҳамсафар ба сӯи фардои озоду обод ва Худои Бузург ёру мададгор!
Мо тоҷикон ва тоҷикистониён ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил дорем!
М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>