ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

118627775_3321561198069452_8978825076080150887_n
9 сентябр иди расмии давлатӣ буда, ҳар сол ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин иди муқаддас чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳо ба роҳи истиқлолияти хеш кӯшиданд. Аввалан нишонаи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули қонуни давлатӣ «Дар бораи забони тоҷикӣ» соли 1989, сипас соли 1991 9-сентябр ба тариқи расмӣ эълон намудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар замина гузошт. Ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳила ба марҳила меафзояд.
Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Ис-тиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамалакатро қабул кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид мекунанд, ки «Ҷавонон нерӯи фаъолу бощайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медаиҳанд».
Мо ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як сарвари дилсӯзу щамхор дорем, ки дар тӯли 29 сол халқамон бо шарофати меҳнати бунёдкорона дар кулли соҳаҳо, дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон сохтмонҳои азими аср, нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо роҳҳо, садҳо кӯпрукҳои боҳашамат сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешравии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд. Щамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам гардидааст. Мо имкон дорем, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоем. Мо бояд дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати демократӣ, амнияту оромии кишвар ва эҳёи арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ шинохта шуда, мо баҳри ободии диёри номбардорамон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз Сарвари давлат ибрат гирифта, кору пайкор хоҳем кард.
Файзиева Малика, донишҷӯи бахши 3-и ДДХ, факултаи забонҳои хориҷӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>