Амалҳои касофатбори хоинони миллат

Моҳи сентябр, аниқтараш 9-сентябри соли равон бо роҳбарии роҳбарони ҷиноятпеша ва ношукру беватанӣ ҲНИ, дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава, ва якчанд гурӯҳакони худхоҳу ифротгаро эътилофаке бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон дода шуд. Вазифаи хирсонаи ин эътилофи нону намакзада, ки дар зери сояи хоҷагони фитназо ва серпулашон сурат мегирад, ҷузъ сангандозию сиёҳ кардани шахсиятҳои ҷудогонаю хизматчиҳои давлатӣ, бадном кардани Тоҷикистони соҳибистиқлоли ободу озод ва ҳуқуқбунёди демократӣ дигар чизе беш нест. Ин созмони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон», ки ҳамчун созмони экстремистию террористӣ аз ҷониби давлат эълон ва аз тарафи халқи сарбаландаш чун ватанфурушони морсифат эътирофу қабул карда шудааст, вақтҳои охир чун қурбоқаҳои бадовозу одамони девсират, дар сомонаҳои интернетӣ бо баромадҳои дилхарошу хоинонаи худ кушиш карда истодаанд, ки як қишри ҷомеаи моро чун солҳои навадум аз роҳ зада, даъват ба табадуллот намоянд. Сад афсӯси бепоён, ки ин гурезаҳои бахтбаргаштаю оқиватан, бехабар аз онанд, ки мардуми тоҷик дигар бедоранду дигарбора такрор гаштани он воқеаҳои мудҳиши даврони гузаштаро хуш надоранд. Ин паймони худсохтаю худхоҳ, ки ҳамагӣ фарзандони нохалафи дар гузаштаи на чандон дур, падару модарони миллати миллатфурушу миллатсӯхта мебошанд, дур аз хонаву дари бобоияшон хӯрдагириҳо карда тарафи ватани бо ҷон баробари мо сангандозию дағалбозиҳои нобахшидани карда истодаанд. Ин худобехабарони кӯтоҳбину кӯтоҳназар агарчи бофтаю сохта доди ватандӯстию лофи ватандорӣ зананд ҳам, дар асл мехоҳанд табари кунди корношоями худро бар решаи ин хоки муқаддас бизананд, ки ин фикри ноҷояшон аз кӯтоҳақлию пеши пойбиниашон буда, дар охир ононро ҷузъ пушаймонию бадфарҷомӣ дигар чизе интизор нахоҳад гашт. Бешарафони кӯтоҳбини худхоҳ фаромӯш кардаанд, ки «Беҳтарин рисолати инсони худшинос ин Ватандорист»,  на ватанхоиву ватанфурӯшист. Ин ҷо мехоҳам порае аз ҳикояти китоби «Панднома»-и худ, ки оиди ватандӯстдорист баҳри кӯрнамакони аҳримансират орам:

Аз оқиле пурсидам:

-Чи кӯшише ба харҷ диҳам, то барои ватани азизи худ хидмати арзандаю лоиқе карда бошам?

Ҷавоб дод:

-Ҷону молатро баҳри ҳифзи марзу бумаш дареғ надор, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳаққаш суханони ношоистаро раво набин.

-Чи хидмате бояд кунам, то ояндаи ватани маҳбубам дурахшон бошад?

-Зиндагиатро хуш гузарон. Фарзандонатро босавод, хирадманд, вафодори хоки поки меҳан ба воя расон.

Кадом бадии нобахшиданиест,ки нисбати ватан набояд раво дид?

Гуфт:

-Хиёнат, ношукрӣ.

Байт:

Ҳар кас зи Ватан нола кунад кӯр шавад,

Ояд ба сараш балову бад хур шавад.

Гар зидди Ватан ба гуфти бегона равад,

Ҷисмаш на ба гӯр, берун аз гӯр шавад.

Пас хиёнаткорони Ватан чи касонанд?

-Хиёнаткорони Ватан чун метеорҳои фазоянд, аз бадхилқатияшон як оташ мегиранду баъдан сарозер зери замини сиёҳ фурӯъ мераванд…

             Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетии ҷаҳонӣ аз ҷумла:  «Фейсбук, Одноклассники, Ютуб» тарафдорони ин палидони худобехабар, ки алфозашон тунду ғайриинсонона, таҳқиромезу бесаводона ва пур аз ҳақоратҳои болохонадор аст, чун тортанак торҳои заҳрогини худро кашидаанд. Ин афроди нопок, ки саводи қазоӣ надоранд, худро худотарсу мусалмони пок гирифта бехабарона аз оқибати бадфарҷомашон, ки ҷузъ нолаву оҳ нест зидди ватану миллати хеш суханҳои нобахшидани гуфта, назди дигар миллатҳо пеш аз ҳама обрӯи набудаи худрову эътилофи сарсахташонро ба замин зада истодаанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мақсаду маромҳои ифлоси ин паймонаки дурӯғин дер ё зуд бохабар хоҳад гашт, он гаҳ афсӯсу надоматхуриҳои ин бехирадон фоидае нахоҳад дошт.

       Аз хотири кӯтоҳатон дур набаред, ки миллати сарбаланду меҳнатқарини Тоҷикистони азизу маҳбуб шукри Истиқлолу Ваҳдат, шукри тинҷиву амонӣ, шукри ободиву бурдаи нони дар даст доштаашон карда, таҳти сарварии Пешвои муаззами хеш Президенти Ҷумҳурии    Тоҷикистони биҳиштосо, сояи Яздони поки беҳамто дар рӯи Замин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои фардои дурахшони Ватан қадамҳои устуворонаи худро хоҳанд гузошт…

 Мавлонов Шавқат:   узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгор, адиб

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>