Ба ақидаҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯй дода нашавед

Мусалам аст, ки халқи азизи кишварамон дар арафаи интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳар кадоми мо медонем, ки интихобот дар ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар рушду ободии фардои мамлакат нақши бағоят калон мебозад. Аз ин рӯ, аз мо тақозо мегардад, ки барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат намуда, роҳи минбаъдаи худро муайян созем.

Қобили зикр аст, ки дар шароити идоракуни демократӣ элитаҳои сиёсии гуногун  миёни ҳамдигар барои ба даст овардани овозҳои интихобкунандагон ва ҳарчи бештар ба худ ҷалб намудани иродаи инсонҳо кӯшиш менамоянд ва дар рақобат қарор мегиранд. Интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули ҳокимияти давлати таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон дар интихобот таҷасум меёбад.

 Сарчашмаи асосие, ки имруз озодӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро таъмин карда, фаъолияти сиёсӣ онҳоро дар корҳои ҷамъиятию давлатӣ таъмин менамояд, интихобот мебошад. Мутассифона дар ҳама давру замон ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд барои амали намудани ҳадафҳои худ, оромию суботи ҷомеаро халалдор созанд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки вазъият дар давлати бо мо дӯсту бародар Беларус дар кадом ҳолат қарор дорад. Бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯй баҳри амали намудани ҳадафҳои ғаразноки худ, мардумро сарсону саргардон намуда истодаанд. Боиси таассуф аст, ки фикру ақидаи  бархе аз сокинони ин кишвар дар зери таъсири ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ташаккул ёфта, ташкили низоъҳҳои дохилӣ бар пояи сулҳу субот, оромию осудагӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёт, фарҳангиву тандурустӣ, зиндагии шоистаи мардум хисороти калонро ба бор оварда  истодааст.

 Яке аз воситаҳои асосии ба доми идеологияи нодуруст ҷалб намудани сокинон, ин ҳуҷуми фарҳангӣ-иттилоотӣ аст, ки ба воситаи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз он ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо, садо ва симо, сомонаҳои ғайрирасмӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳама давру замон равияҳои гуногуне, ки манфиатҳои гурӯҳҳои махсусро ҷонибдорӣ менамоянд, вуҷуд доштанд ва амал менамоянд.

Вале онҳо ҳамчун як гурӯҳӣ корафтода, баҳри амалигардонии манфиатҳои шахсӣ фаъолият намуда, дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ худро “Ватандор”, “Ғамхори халқ”, “Барпокунандаи амният”, “Инсонҳои ғамхор” ва ғайраҳо вонамуд карда, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд.

 Бояд гуфт, ки ҷавононе, ки дар сар андешаи миллии созанда ва маълумоти кофӣ надоранд, ба осонӣ мағзи худро ба ихтиёри чунин идеологҳо месупоранд.

  Ин падидаҳои номатлуб ҳар фарди солимақли ҷомеаро ором гузошта наметавонад. Хусусан ҷавонон бояд дониши сиёсии худро ғанӣ гардонида, ба таърихи миллатҳое, ки баҳри ба даст овардани Истиқлолият чӣ гуна рӯзҳоро аз сар гузарониданд назар карда,  дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, ки тақдири миллатро барои 7 соли оянда муайян месозад, мавқеи назарраси худро муайян намоянд.

Муттаҳидӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии кишвар, худшиносии миллӣ, ягона нигоҳ доштани обу хоки кишвар ва муҳофизати фазои фарҳангии кишвар бояд рисолати аслии ҳар яки мо бошад. Яъне мо қарздорем ба ҳамаи ин арзишҳо дар назди Ватан – Модар ва ворисони ояндаи он.

 Ҷумҳурии Тоҷикистони  рӯзҳои наздик баргузор намудани интихоботи навбатиро барои мансаби Президент эълон намудааст. Аз ин фурсат ҳастанд гурӯҳҳои нохалаф, ки  вақтро самаранок истифода карда, бархе аз ҷавононро барои амалисозии манфиати кори худ истифода мебаранд.

 Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки  ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷонибдори сулҳу суботи меҳани биҳишосойи хеш бошем ва гирифтори суханони бардурӯғи гурӯҳҳои манфиатҷӯйи ҷомеа нагардем. Дар ҳама ҳолат дастгиру дастёри якдигар бошем, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, барои пешрафти зиндагии шоистаи худ ва наздикон нақши муассир гузорем.

Дар ин росто бо боварии комил мегӯм, ки мо ҷавонони саодатманди меҳани биҳиштосо –Тоҷикистон, ба ҳар гуна ақидаҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯй дода нашуда,  саҳмгузор дар рушди ҷомеаи мутамаддин ҳастем, миллату давлати хешро дӯст медорем ва барои гул-гулшукуфонии он камари ҳиммат мебандем.

С.ҚОБИЛОВ

Мудири бахши

кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>