Ҳақиқати ҳолро бигу, эй хоини миллат!

Бо наздик омадани маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти кишвар неруҳои бадхоҳи миллату давлат ба ташвиш омада, ҳарчи кӯшиш мекунанд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ ва фазои мусоиди сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ монеагӣ эҷод намоянд. Ингуна маромҳову ҳадафҳои ноҷавонмардонаи душманони давлату миллатро мо тӯли чанд моҳи охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намуда истодаем. Ин бадхоҳони миллат худро ҳамчун ватандӯст муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита аз номи шахсиятҳо, ҳатто аз номи муйсафедон бо маълумотҳои бардурӯғу сохта, мехоҳанд фазои орому осудаи кишварро халалдор намуда, саҳнаҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузаштаро рӯи кор оранд. Ин ноҷавонмардон барои расидан ба ин мақсаду маромҳои нопоки худ то ин дам аз номи мардуми Мастчоҳ, Исфара ва ҳатто аз номи мардуми сарбаланди Конибодом низ ба сомонаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои бардурӯғи миллатгароёнаву иғвоангезона нашр намудаанд.

Мутаассифона ин палидон намедонанд, ки мардуми Конибодом ҳамеша аз рушду нумуи кишвар, фазои орому осоишта ва рӯзгори ободи хонадон  шукрона намуда, мудом барои пешрафти Ватани маҳбубамон ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи зиндагии мардум азму талош менамоянд…

Дар номаи бардурӯғи “Нома аз Конибодом” омадааст, ки гӯё дар Конибодом ягон дигаргунӣ ва пешравӣ нашуда бошад. Ин ҳама сафсатаи маҳз аст. Магар ин нафарҳо пешравиҳои пай дар пай, дигаргунгардии куллии симои шаҳр, сохтмони иншоотҳои нав, сохтмону азнавсозии мактабу дигар иншоотҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, сохтмони иншоотҳои соҳаи варзиш, чароғонкуниву мумфаршкуниҳои роҳу кӯчаҳо ва ғайраҳоро намебинанд? Ё дида наметавонанд? Аслан ин хоинону бадхоҳони миллат на фақат дида наметавоанд, балки дидан намехоҳанд…

Ин палидон аккос мезананд, ки гӯё дар 29 соли соҳибистиқлолӣ Президенти кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ду маротиба ба Конибодом омада бошанду барои аҳволи мардуми он парвое надошта бошанд. Аввалан ин ҳама дуруғи маҳз аст, зеро, ки то ин дам Пешвои миллат беш аз 10 маротиба ба шаҳри мо ташриф овардаанд. Баъдан таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат барои мардуми Конибодом ва рушду нумуи шаҳр бениҳоят калон аст. Танҳо зимни ташрифи он кас дар соли 2018  беш аз 10 адад иншоотҳои сатҳашон гуногун аз ҷумла майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр, варзишгоҳи марказии ҷавонӣ бо фарогирии то 10 ҳазор ҷои нишаст, бинои МТМУ № 29, туйхонаи “Баҳор”, қитъаҳои роҳи автомобилгарди Гулистон — Исфара, Исфара – Ким, Ким – Кӯшкак,  шоҳроҳи Конибодом – Патар ва шабакаи таъминот бо оби нӯшокии тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин ҳама аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.

Дар хусуси ташрифи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ҳарзагӯӣ мекунанд, ки гӯё тез тез мебиёянд. Дар асл ин ҳама ташрифҳои он кас зимни сафари корӣ аст, на сафари шахсӣ. Ҳар вақте, ки ба шаҳри мо он кас ташриф меоранд, баҳри пешравиву инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ аст. Мо мардуми Конибодом дастгириҳои пайдарпайи Раиси вилоятро эҳсос мекунем. Имрӯзҳо сохтмони чандин иншоотҳои соҳаи маориф ва фарҳанг, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимии  №7, 52 ва кинотеатри шаҳр  бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби буҷаи вилоят роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон мумфаршкунии чандин кӯчаҳо бо ташаббуси раиси вилоят сурат гирифт. Бинобар ин ҳар вақте, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри мо ташриф меоранд, ҳатман ягон навгонӣ ва пешравӣ дар хоҷагии халқи шаҳр дида мешавад.

Бобати маълумоти бардурӯғи ин палидон дар хусуси гӯё собиқ раиси колхози ҷамоати деҳоти Р.Ҳамробоев Аминҷонов Холмат ба собиқ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои обёрӣ кардани заминҳои ҷамоат лоиҳаи тайёрро пешниҳод кардаасту гӯё аз сабаби ӯзбек буданаш раиси вилоят бо оҳангҳои миллатгароёна ҳарф гуфта бошад, дурӯғи маҳз аст. Зеро ки Муроҷиатномаи худи Аминҷонов Холмат ба сомонаҳои иҷтимоӣ бобати бардурӯғ будани ин далелҳо баён гардида, аз рӯи гуфтаи худи Аминҷонов Холмат амалишавии лоиҳаи ӯ маблағи бениҳоят зиёдро талаб мекардааст.

Саҳнаҳои сохтае, ки дар номаи бардурӯғи “Нома аз Конибодом” оварда шудааст, саросар характери миллатгароёна ва моҷароҷӯёнаро дорад, ки маҳз бо ҳамин роҳ ин хоинони давлату миллат мехоҳанд байни мардум ҷудоӣ андозанд ва муносибати дӯстонаву бародаронаи миллати тоҷику ӯзбекро, ки туфайли сиёсати инсонпарваронаи сарони ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон дубора барқарор гардид ва равобити озоди байни мардумони ин кишварҳо осон гардид, аз байн баранд.

Бинобар ин дар чунин шароити ба миёномада ҳар яки мо мардуми сарбаланди Конибодомро зарур аст, ки ба ҳарзагӯиҳои ин сагони ҳориҷа ҷавобҳои раднопазир диҳем ва барои амалишавии марому ҳадафҳои нопоки ин хоинон монеагӣ намоем.

Аббос Қобилов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>