Хиёнат нобахшиданист!

«Касе ки ба иштибох рох додааст бахшидан мумкин аст, аммо касе ки хиёнат мекунад бахшида намешавад.»

Оре ба дурусти ки аз даврони гузашта хиёнаткорро намебахшиданд, имрӯз ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистон тавассути телевизион бори дигар шоҳиди он гаштанд, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ягон ниятҳои пок надорад, танҳо барои мансаб талошҳои зиёд варзидаанд. Онҳо ҳанӯз солҳои 90-ум нахустин маротиба барои амали намудани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш намуданд аммо тири онҳо  хушбахтона  хок хурд баъдан то имрӯз чандин маротиба кӯшишу ғайратҳои зиёд намуданд то ҳол ягон маротиба ба мақсад нарасиданд ва нахоҳанд расид. Мо медонем замоне буд, ки давлату ҳукумат ба онон бовар карда мансабҳои баландро сазовор донист то ки барои пешрафти ватани азизамон саҳм гузоранд аммо ҳангоме ки ба сари мансаб расиданд ба ҷои он ки ба халқу миллат ёрӣ расонанд онҳо танҳо мансабталошӣ ва чайби хешро фикр карданд.

Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон фаҳмида истодааст, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чи хел ва чигуна рафтору кирдор нишон дода истодаанд. Албатта,  халқи мо аз азал донишманду нуктафаҳму нуктасанч буданд ва намегузоранд, ки Точикистони маҳбуби мо ба доми онхо афтаду зиндагиашон ба ақиб равад.  Агар ҳамаи мо бо якдиливу якмақсад кадам гузорем, на танхо Кабирӣ балки тамоми душманони миллат низ наметавонанд осеб расонанд. Бояд ҳамеша даст ба  дуо бардорем, ки ҳеч як хоини ватан хатто фикри зиён расонидан ба як фарду оила ва ё давлатро накунад, то абад  Точикистони азизу маҳбуби мо сарсабзу хуррам бимонад.

   Акрамов Д.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>