ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ МИЛЛАТ

01
Дар тӯли таърих қавму миллатҳое ҳастанд, ки ҳазорсолаҳо инҷониб барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ насл ба насл умри худро қурбони муборизаҳо кардаанд. Барои Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърихӣ буд, ки бо барҳам хӯрдани ин иттиҳод ба муроди хеш расиданд.
Ҷумҳуриҳои ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, шукри истиқлол намуда, бо ғайрати дучанд баҳри ободии ватани аҷдодии хеш камари ҳиммат бастанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистони азизи мо кор ба наҳваи дигар сурат гирифт. Тундбоди маҳалгароию худкома доира ва гуруҳҳои ҷоҳталаб бо дастгирию пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш кишвари моро ба гирдоби моҷароҳои сангину нангин кашиданд. Тоҷикистон дар оғози роҳ ба сӯи мустақилият ба бӯҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ мувоҷеҳ гашт. Фазои сокиту ороми мамлакатро садои гӯшхароши тиру туфанг фаро гирифт. Бародарони ҳамхун муқобили ҳам сангар нишастанд. Тоҷикистони дар ҷодаи истиқлол навраҳ ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашида шуд. Буду набуд ва ояндаи Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақили миллӣ таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифт, ки пайомадҳои нохуши онро мо то ҳанӯз эҳсос мекунем. Сангинтарин ҳисороти ҷанги шаҳрвандӣ талафоти ҷонӣ буд, ки мутаассифона ҷуброннопазир аст. Зарари моддии ба ҷумҳурӣ расида аз ҷанг бошад, қариб ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
Хушбахтона, ҳамаи ин нокомиҳо паси сар гардида, имрӯз ҳамчун саҳифаи тирае аз таърихи начандон дури миллат ёд мешавад. Ба ёд овардани он рӯзҳо ба хотири он аст, ки ҳар кадоми мо, хоса насли наврас дарк намояд, ки Истиқлолияти мо муфт ба даст наомадааст. Ин ормони ҳазорсолаи миллати мо буд, ки бояд барои гиромидошту ҳифзи он ба ҷон бикӯшем. Ҳушёр бошем ва нагузорем, ки ба ин кохи ормони миллии мо дигарбора аз тундбоди ҳаводис газанде расад. Дар ҳамаи давру замон фарзандони фарзона ва хештаншиносу огоҳи миллат баҳри ҳифзи он ҷон ба каф мегиранд. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Ин давраи хеле ҳассос ва сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад. Он айём на ҳар кас ҷуръати ба даст гирифтани вазифаеро дошт. Идораи давлатӣ дар ҳоли парокандагӣ буд ва қисмати норӯшанро дошт. Эмомалӣ Раҳмон алорағми ҳамаи нотавонбинҳо, ки ба ояндаи давлати тозаистиқлоли мо хушбин набуданд, ҷасурона зимоми идораи давлатро ба ӯҳда гирифт. Аввалсуханаш дар ростои давлатдорӣ аз сулҳ буд. Ӯ тавонист кишвари дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро ба соҳили мурод расонад. Роҳи мо ба сӯи сулҳу субот тахту ҳамвор набуд. Ин ҷо хиради фитрии миллати тоҷик бар ҷаҳл ғолиб омада, дасти ҳам гирифтани мо мӯҷиби наҷоти миллат ва бақои давлатамон гардид. Ҳамин тариқ, бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон, марҳилаи нави таърихӣ дар самти давлатдории мустақили тоҷикон шурӯъ гардид.
Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо шурӯъ гардид.
Таҳия, қабул ва татбиқи барномаҳои мукаммал дар ҳамаи самтҳо ба пешрафти хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд. Дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фосилаи хеле кӯтоҳи таърихи бо вуҷуди душвор будани вазъи сиёсиву иқтисодӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд. Вақте ки мо дар мавриди истиқлолият ҳарф мезанем, бояд фаромӯш накунем, ки дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои фарошӯравӣ солҳои аввали истиқлолият бештар бо ором намудани авзои сиёсӣ ва ба ҳам овардани гурӯҳҳои даргир паси сар шуданд. Ин ҳолат то андозае ба раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар халал ворид намуд. Пас мо бояд ҳангоми арзёбӣ намудани дастовардҳои даврони истиқлолият холисона баҳо дода, монеаҳои ин давраи тақдирсозро, ки пешрафту тараққиёти ҷомеаро маҳдуд менамуданд, сарфи назар насозем. Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, ҷомеаи мо марҳилаи ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем. Дар ин давра барои аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёфтан барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати иқтисодӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд. Эҳёи Шоҳроҳи абрешим аз тариқи ВМКБ ва роҳ кушодан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, бунёди силсилапулҳо аз болои рӯдхонаи Панҷ миёни Афғонистону Тоҷикистон, нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шаршар”, “Чормағзак” дар кӯтоҳтарин фурсат ва чандин иншоотҳои муҳими аҳамияти стратегӣ дошта бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ амалӣ гардид, ки воқеан ҳам дар таърих назир надорад. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ дар ин давра Тоҷикистон воқеан ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва дунявию демократӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва обрӯю эътибори худро дар арсаи байналмиллалӣ устувор намуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар тамоми ин давра дар баробари бунёди иншооти муҳим, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, хоса қишри камбизоати он ҳамеша дар мадди назари давлат ва ҳукумат қарор дошт. Қабули ҳуҷҷати муҳими давлатӣ оид ба стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи фарогири он имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо давраҳои аввали истиқлолият хеле беҳтар гардад.
Минтақаи Осиёи Марказӣ солҳои охир ба саҳнаи бархурди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон табдил ёфта, пӯшида нест, ки таъсири он ба нақшаҳои миллии давлати мо дар эҷоди тарҳҳои бузурги минтақавӣ эҳсос мешаванд. Бо вуҷуди роҳандозии монеаҳо дар роҳи татбиқи ин тарҳҳои калидӣ, давлати мо бунёди онҳоро бо қувваю қудрати худ идома медиҳад. Истиқлолият имкон дод, ки мо дороиҳои хешро соҳибӣ кунем ва новобаста аз иддаои бепояву мояи баъзе кишварҳои ҳамҷавор онҳоро ба нафъи халқу миллати хеш истифода намоем. Муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем, арзишҳои миллию фарҳангии хешро, ки дар замони Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доштанд, аз нав эҳё намоем. Бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ созем.
Истиқлолият вожаи воқеан ҳам муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд ва ривоҷ диҳад. Вақте сухан сари истиқлол меравад, тааллуқоти мазҳабию мансубияти ҳизбӣ дар канор мемонад. Мо солгарди Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин санаи муборак ва муқаддас дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки иншооллоҳ ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.
Мо бояд ҳушёр ва огоҳ бошем, истиқлолияти хешро қадр намоем. Ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан бирасем. Тавре дар оғоз ёдовар шудем, то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштан, давлати миллӣ надоранд. Ин аст, ки то ҳанӯз дар ҷаҳони муосир муборизаҳои миллии озодихоҳӣ идома доранд ва садҳо нафар дар ин роҳ ҷоми шаҳодат мечашанд. Миллати тоҷик дар дарозои таърих ҳеҷ гоҳ бо мақсади ғорат ва тороҷ ба сари халқу қавмҳои дигар теғ накашидааст, аммо борҳо дучори тохтутозу ҳуҷумҳои ноҷавонмардонаи аҷнабиён гардидааст. Дар ҳамаи давру замонҳо фазлу хирад, озодманишӣ, донишандӯзӣ пеша карда, умри абад ёфтааст.
Тоҷикистон имрӯз ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил ёфтааст. Тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором доранд. Пас моро мебояд на танҳо имрӯз, балки ҳар рӯз аз Истиқлол ҳарф занем ва онро якҷо бо аллаи модар дар гӯши тифлаконамон хонем. То тифлакони мо аз гаҳвора бо ҳамин эҳсос тарбия ёбанд. Агар мо заррае ифтихори миллӣ дорем, бояд ин ҷашни муқаддасро бо синаи пур аз меҳр ва дили саршор аз фараҳ, тавре истиқбол намоем, ки манзили мо, хиёбону гулгаштҳои шаҳрамон, балки кӯю барзани диёр аз вуруди мубораки он шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намоянд.
Ойбек Насруллозода,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>