Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат мебандем

Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду тамаддуни тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Бо қадамҳои устувор ва андешаҳои дурбинонаи барномаи давлатдории сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш давра ба давра хомуш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё гаштанд.
Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои хифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд. Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати мо то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои бурунии худ ба туҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд. Онҳо набояд фаромуш созанд, ки халқи мо яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, ҳаргиз ба доми фиребу найранги онҳо гирифтор намешавад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба қадри ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамини офтобруя бояд бирасад. Зеро Сарвари мамлакат барои аз бар намудани илму дониши замони муосир тамоми шароити таҳсилро фароҳам овардаанд. Мо низ дар баробари дигар дилсӯзони ватан барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат мебандем.
Мутахассиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Исмоилова М.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>