Истиқлолият-арзиши олӣ ва муқаддасоти азиз барои халқи азизи Тоҷикистон

118886185_377082816617112_6630215218373135702_n
Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи миллати куҳанбунёдамон – бистучорсолагии эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Лозим ба қайд аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳодисаи бошарофат ва бафайзу нишотовар аст. Ба туфайли он Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар харитаи ҷаҳон падид омад, соҳиби Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ гардид. Ҳамзамон соли 1994 аввалин Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки он ватани маҳбуби моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифи намуд.
Тавре, ки Сарвари давлатамон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад.”
Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик дар муддати 29 соли истиқлолият тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳо барои пешрафт ва рушди кишвар кӯшиш ба харҷ дод ва аз ҳама муҳим мақоми кишвари азиз Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ шинохта гардид. Инчунин бо хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи бонангу номус тамоми кӯшишу талош ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона шуд. Бо ифтихор метавон қайд кард, ки бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат дуруст қайд карданд, ки “Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлатӣ демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд.”
Аз ҳама муҳим Истиқлолияти давлатӣ ба мо сараввал неъмати соҳибватан буданро баъди ҳазорсолаҳо эҳдо кард ва мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳо — яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтарро аз мо талаб мекунад.
Итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва меҳанпарвар барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ва пешрафти ватани азиз нерую дониши худро дареғ намедоранд.
Мо бояд қадри ин муқаддасотро аввалан дар қалб бипарварем ва сипас барои ҳифзи он камари ҳиммат бандем.
Фарорасии ин Ҷашни Бузурги миллиро ба кулли сокинони Тоҷикистони азиз муборакбод менамоям.
Бигзор Истиқлолияти Тоҷикистон садсолаҳо ҷун ҷашни озодиву соҳибихтиёрӣ ва пешрафти куллии кишвар таҷлил карда шавад.
Бигзор Истиқлолияти давлатӣ мояи ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад!
Бигзор Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар давлатдории навини мо ҳамчун арзишҳои олӣ садсолаҳо ҷовидон монад.
Бигзор нангу номуси ватандорӣ, зиракии сиёсӣ, бахту иқболи нек насиби халқи шарифи Тоҷикистон бошад ва осмони соф, суботу оромӣ, файзу баракат дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ абадан боқӣ бимонад.
М.Ниёззода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>