Шукри дастоварди миллат

118886185_377082816617112_6630215218373135702_n

Истиқлолият вожаи воқеан ҳам муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд.

  Аввалин ва маҳбубтарин дастовард барои миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ин муқаддасот дар сатри аввали арзишҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи аълоро касб кардааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.»

Дар ҳақиқат истиқлолият ва озодӣ барои миллат ва рушди ҳамаҷонибаи он, худшиносӣ ва худогоҳӣ мусоидат намудааст. Имрӯзҳо мо дида истодаем, ки  дар таърихи идораҳои давлатҳои дунё кам нестанд миллат ва халқиятҳое, ки барои ба даст овардани озодии давлатӣ кӯшиш намуда истодаанд, вале ин барояшон муяссар нагаштааст. Мисоле метавон аз каталонҳо, курдҳо  ва дигар миллатҳоро овард.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.

Имруз мо-тоҷикон шукронаи соҳибватании хешро намоему бо дасту дили пок ва дилу нияти нек баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азизи хеш содиқона хизмат намоем. Нагузорем, ки то ягон нохалафе, беватане  истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботу осудагии Тоҷикистони азизамонро халалдор созад.

Ва мо бо ибораи умедбахши Пешвои равшанфикри миллатамон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  “БА ПЕШ” устуворона қадам гузорем.

Фирӯза Шерматова

муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>