Неъмате хуштар зи Истиқлол нест

Дар замони пуртазод  ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва  пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти хоса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад. Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд.

                                                                                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо имкониятҳои воқей фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат  ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ чун рамзи ватандорӣ ва бузургтарин неъмат, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як шахс ва омилтарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳе аз сиёсатмадори дохили ҷумҳурӣ ба арбоби барҷастаи сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ расида, дар шахсияти худ исбот намуд, ки халқи тоҷик истеъдоду заковати бузурги давлатдорӣ, фарҳангофаринӣ ва сулҳсозӣ дорад. Агар таърихи халқи худ ва фарҳанги онро ба қадри кофӣ ҳар фарди кишвар медонист ва аз камбудиву нуқсон ва хатогиҳои гузаштааш сабақ мегирифт, шояд фоҷеаҳои даҳшатбори солҳои 90-ум дар кишвар рух намедоданд.

Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроту номатлуби ҷаҳонӣ муосир, аз қабили терроризму экстремизм, қоҷоқи маводи муҳаддир, силоҳ, хариду фуруши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамояд мебуриза барем, ба қадри истиқлолияту озодии Ватан  — ин неъмати бебаҳо расем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кун.

Мутахассиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Исмоилова М.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>