Сухан аз қонуни интихобот

444445

Аъзоёни ситоди  интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Чинор ва Хурмӣ шинос шуданд.

          Муовини раиси Кумиҷроия  Парвина Тошева, мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот Бурсибой Лутфуллоев ва сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ Абубакр Исоев  дар қитъаҳои интихоботӣ ба аъзоёни комиссияҳои қитъавӣ дар бораи нуктаҳои асосии Қонуни конститутсионӣ  “ Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” , нақши боризи номзади ҲХДТ , Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли кишвар, рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақл намуда, ҷиҳати беҳдошти ҳуҷатгузорӣ ва тарғиби интихобот маслиҳатҳои муфид доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>