ҲУШДОРӢ БА ШАҲРВАНДОН

1

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳрии ҳизб рӯзи гузашта мудирони шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Заррина Манонова ва шуъбаи ташкилӣ Исмоил Латипов аз бозори  марказии “Панҷшанбе” дидан намуданд. Тавре аз мушоҳидаҳо аён гашт, роҳбарияти бозор дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоӣ корҳоро дар самти итилоърасонӣ дар самти риоияи гигиенаи шахсӣ вусъат бахшидаанд. Ҳолати нигаҳдории маводҳо дар қиёс ба ҳафтаҳои гузашта тадриҷан беҳтар шуда, аксарияти фурӯшандагон бо либоси махсус ва ниқоб дар хизмати мизоҷон қарор доранд.

Аммо бо вуҷуди андешидани чорабиниҳо ҳанӯз ҳам нафарони ба бозор дохилмешуда аз оддитарин талаботи рӯз – пӯшидани ниқобҳо риоя намекунанд. Дар бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳоҷат ба гуфтан нест.

Ба роҳбарияти бозор, масъулини ташкилоти ибтидоии назди бозор дастур дода шуд, ки тавасути радио ва баландгӯяк сокинонро ҳушдор диҳанд, ки ба талаботҳои санитарию гигиенӣ риоя намоянд ва ҳзатман бо худ ниқоб ва антсептик гиранд.

Чунин мулоқотҳо минбаъд низ идома меёбанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>