Ниқоб бубандед ва саломат бимонед

20200910_113937

Ин маънӣ дар сӯҳбатҳое, ки гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва намояндагии ТҶ “ Созандагони Ватан”  дар бозору кӯчаҳо, мавзеъҳои  серодами шаҳр бо мардум  доир намуд,  таъкид шуд.

          Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроия  Мавлуда Тоҷиева ва мудири шуъбаи умумӣ Фарзона Ҳалимова ба ҳамсӯҳбатон  зарурати ҳаётии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла зуд-зуд шустани дастон, бастани ниқоб дар кӯча, бозор , мағозаҳо  ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ёдрас намуда, таъкид карданд, ки ҳоло ба ҷуз иҷрои ин  чораҳои дастрас дигар роҳи пешгирии сироят ба коронавирус мавҷуд нест. Агар мехоҳем аз шарри ин бемории вогир дар амон монем, бояд ин қоидаҳои оддиро риоя намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>