Вохӯриву мулоқотҳо дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида

IMG_20200910_092206

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Ш. ва Исмоилова М. дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва Ҷамоати деҳоти Гулхона тибқи иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд № 71 аз 24 августи соли 2020 ва тибқи ҷадвали аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тасдиқгардида оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо баҳри тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадеҳиро  идома доданд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо масъулон таъкид намуданд, ки  Интихобот ин муҳимтарин падидаи ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд мебошад. Дар рӯзи овоздиҳӣ аз ҳар як интихобкунанда масъулияти баланд ва зиракии сиёсӣ талаб карда мешавад. Зеро, шахс дар ин васила нафақат барои ояндаи худ, ҷомеа, миллату давлат овоз медиҳад, балки худ низ дар ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни сиёсӣ  ширкат меварзад.

 Баромадкунандагон дар ҷараёни мулоқотҳо ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандориву худшиносии миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат, ки ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт ва саодати мардуми кишвар равона шудааст, ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID – 19 ва омодагӣ ба мавсими зимистон ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ бо усули нигаҳдорӣ дар хона ва анборҳо суханронӣ намуда, ба муносибати  Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>