БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

изображение_viber_2020-09-15_09-34-09

Дар доираи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба фаҳмонидани моҳияти интихоботи президентӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ифтихори миллии шаҳрвандон, ошноӣ бо барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии Маркази   Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд мулоқот бо кормандон ин ташкилот доир шуд.

Чорабиниро муовини раиси ташкилоти ибтидоии коргоҳи мазкур  Наргиса Мирбобоева ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки  баргузор шудани интихоботи президентӣ дар кишвари мо марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аст. Маъмулан дар кишварамон маъракаи интихоботӣ бо риоияи пурра ба роҳ мондани принсипҳои демократӣ, меъёрҳои қонунгузории дахлдор доир мегарданд. Мусаллам аст, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи президентӣ” бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзади худро миёни мардум муаарифӣ месозанд. Мақсади баргузории чорабинии имрӯза низ ҳамин аст.

          Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар                 шаҳри Хуҷанд зимни баромад зикр намуд, ки ҳамфикрию ҳамбастагӣ бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми кишвар замина фароҳам меоварад, ки интихобот ба як маъракаи муҳиму баландмазмун ва муташаккили мардумӣ табдил меёбад. Туфайли ин  мо ба ҷаҳониён фарҳангу маданиятамонро дар пешбурди сиёсати сулҳовару ваҳдатсаро бори дигар намоиш медиҳем.  Дар ҷаласаи  якҷояи Маҷлиси миллиии ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидан иброз доштанд, ки дар раванди маъракаи муҳими сиёсӣ ба ягон ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ афзалият дода намешавад. Яъне, ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар интихобот ширкати фаъолона дошта, бо истифода аз минбарҳо ва васоити ахбори омма ҳадафҳои барномаи худро ташвиқ карда бошанд. Алҳол аз 7 ҳизбҳои сиёсии кишвар 6 ҳизби сиёсӣ — Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон,  Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути Анҷуманҳои ғайринавбатии худ номзадҳоро пешниҳод карданд, ки худ далолат аз баробарҳуқуқии ҳизбҳои сиёсиро медиҳад.

Номзади ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як барномаи мукаммал, ки фарогири тамоми соҳаҳо мебошад, вориди рақобати сиёсӣ гардида, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ диққати асосӣ равона кардаанд. Моро мебояд, ки ҳамаи бандҳои барномаро то ба мардум бурда расонем ва татбиқи амалии ин самтҳо бо меҳнати ҳалол кӯшиш варзем.

Дар фуроварди чорабинӣ иштирокчиёни ҷаласа ба саволҳои худ дар мавриди баргузории интихобот посухҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>