Хиёнат бахшида нахоҳад шуд!

изображение_viber_2020-09-14_11-40-06

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон ва нигаҳдошти зиракии сиёсии онҳо намоиши дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар толори Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр миёни ҷавонписарони литсей ба роҳ монда шуд. Дар рафти намоиши филми мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бобати амалҳои нопоки душманони давлату миллат ва чеҳраи аслии онҳо афкори ақида намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар шароити фаъолшавии ҳаракатҳои хоинони миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини амнияти давлату миллат барои амалишавии маромҳои нопоки бадхоҳони миллат тариқи ҷавобҳои раднопазиру вокунишҳои саривақтӣ муқовимат нишон диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>