«Дурахши истиқлол»

 н.Бобоҷон Ғафуров. Бо мақсади амалигардонии самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ ва нақшаи фаъолияти бахши кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурахши Истиқлол» чорабинӣ баргузор гардид. Дар даромадгоҳи толори ҷамоати деҳоти Хистеварз «Бозори ҳунар» ташкил карда шуда, маҳсули дасти ҳунармандзанони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд.  Хосатан занҳое, ки соҳиби  гранти раиси ноҳия гардида буданд маҳсулоти хешро аз қабили қолин, адрас, мӯҳрадӯзӣ, зардӯзӣ, рӯймол ва чапондӯзӣ, гулдӯзии миллӣ. Кешбофи ва сабадбофиро  пешкаш карда буданд, диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб намуд. Ҳамзамон фурӯши ин маҳсулотҳо низ ба роҳ монда шуда, харидорони зиёд пайдо намуд. Хосатан занон бештар сабадча ва сабадро, ки моли ниёзи занон маҳсуб меёбад харидорӣ намуданд. Чорабиниро муовини озоди раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М. оғоз намуда, аҳли толорро бо ҳадафи он шинос намуд. Сипас, роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар баромад кард. Зимни суханрониаш ӯ дар бораи ғамхориҳои пайвастаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа, қабули як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ доири масъалаи мазкур, вусъати интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон муфассал истода гузашт. Сипас, шоираҳои ҷавон Ӯғулой Қосидӣ, Мавзуна Собирзода навқалам Гулчеҳраи Раҳмон дар васфи Тоҷикистон, ватан, модар ва зан шеърҳои эҷодкардаи хешро қироат намуданд. Аз ҷониби толибилмони «Мактаби хонандагони болаёқат» композитсияи бадеӣ намоиш дода шуд, ки ҳозиринро ба ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва худшиносӣ ҳидоят ҳидоят намуда. Сурудҳои дилангези ҳофизони шинохтаи ноҳия Муҳиддин Ғозиев, Мӯминҷон Муллоев, Оқила Садриева, Сарвиноз Каримова ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуд. Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>