Мулоқот бо сокинон

изображение_viber_2020-09-16_10-53-04

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади тарғиби барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар чойхонаву мавзеҳои серодам бо сокинон мулоқоти тарғиботӣ ба роҳ монда шуд. Дар рафти мулоқот масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ҷиҳати иштироки оммаи халқ ба ин маракаи муҳими сиёсӣ ва саҳмгузории онҳо дар рушду нумуи кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бобати саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур бобати пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии каронавирус ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштиву истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>