Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар корҳои хайриявӣ намунаи ибратанд

20200914_115359

Аз лаҳзаи ташкил шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳар як узви он бо мардум буда ҳамеша барои осон намудани мушкилиҳои халқ камар бастааст. Бинобарин барои иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар арафаи рӯзҳои иду ҷашнҳо аёдати шахсони яккаву танҳо, маъюбон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.

 Бо ин мақсад аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Ҷаббор Расулов, соҳибкор Холиқов Муҳаммадҷон ба оилаи Қодировҳо 1 адад аробачаи маъюбӣ ҳадя карда шуд.

Оилаи Қодировҳо яке аз оилаҳои ниёзманди ноҳия ба шумор рафта аксарияти аъзоёни ин хонадон маъюбанд.

Аз ин хайрияи шахси саховатеша аҳли оила қалбан шод гашта   миннатдории худро ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қишри ниёзманди ҷомеа баён намуданд.

Барои ҳар яке мо ин гуна иқдомҳои нек  намунаи ибрат гашта ҳамеша ва дар ҳама ҷо  ба оилаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>